ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз муҳимтарин санадҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 05.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихор аст, ки чанде пеш дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз занони сиёсатмадори тоҷик Озода Раҳмон сафири созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) дар Тоҷикистон таъйин гардид. Сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» ба ин вазифа аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои калидии роҳбарияти олии Тоҷикистон мебошад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои назаррас ба бор меоварад. Ин матлабро сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт.
Дар зер матни пурраи суҳбати мавсуфро манзури хонандагон мегардонем.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд, ки мояи сарафрозии мо, занон аст. Мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки дар чунин давлати орому осудаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва чунин Сарвари мушфиқу ғамхор дорем.
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Дастгирии соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Мақсади ин дастгириҳо, пеш аз ҳама, барои беҳбуди шароити кору зиндагии занон аст.
Барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат бо ташаббуси Пешвои миллат то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии гуногун қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақоми занон нақши муҳим мебозанд.
Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 — 2005» тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт- ин Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро таъкид месозад.
Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» тасдиқ гардид.
Тамоми санадҳои қабулгардида ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон замина гузоштанд.
Оила асоси ҷамъият ба ҳисоб меравад ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба ифтихори Рӯзи Модар, 7 марти соли 2016 дар хусуси арзишҳои фарҳанги оиладорӣ ибрози назар карда, зикр намуданд: «… миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд».
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати демократӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд. Ин санадҳои қабулгардида ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардида, кафолати давлатии ҳифзи оиларо асоси ҳуқуқӣ бахшиданд.
Дар заминаи Конститутсияи мамлакат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонда шуданд.
Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010», «Дар бораи тасдиқи номгӯйи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016», «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ дохил мешаванд.
Кодекси оила, ки 13 ноябри соли 1998 бо тақозои воқеияти нави иҷтимоӣ ва ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар замони нав қабул гардид, меъёрҳои муҳимро, ки қаблан ба қонунгузории оилавӣ маълум набуданд, дар худ инъикос карда, дигаргуниҳои куллиро дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард.
Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ва устувории он пешбинӣ намуд, ки муносибати байниҳамдигарии ҳамсарон ва дигар аъзои оила ба эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулияти тамоми аъзои оила дар ҳаёти якҷоя, озод будани оила аз дахолати шахсони сеюм, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар, инчунин имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбанд.
Хусусияти муҳими ташаккули ҳуқуқи оилавӣ дар замони нав дар он зоҳир мегардад, ки вай аз танзими императивии муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ даст кашида, мавқеи меъёрҳои хусусияти ҳатмидоштаро дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ маҳдуд намуд. Дар ин замина нақши меъёрҳои диспозитивӣ дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ назаррас гардида, аксари масъалаҳо бо ризоияти издивоҷкунандагон ва аъзои дигари оила баррасӣ мегарданд.
Падидаи муҳиме, ки қонунгузории оилавӣ муқаррар намуд, муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба шумор меравад. Ҳадафи он, пеш аз ҳама, таҳкими зиминаҳои оилаҳои солим, таъмини пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо, пешгирии панҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва таваллуди фарзандони солим мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат аз 23 январи соли 2015 ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи Модар, 6 марти соли 2015 ба ин масъала аҳамияти махсус доданд: «Яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд». Ҳамчунин Сарвари давлат аз рӯи никоҳҳои хешутабории наздик таваллуд шудани фарзандони маъюб изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд.
Бо мақсади ташкили оилаҳои солим, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тавлид ва ба воя расидани фарзандони солим ва умуман барои ҳалли мушкилии ҷойдошта дар ин самт ба моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид шуда, тибқи он аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани шахсони издивоҷкунанда пеш аз бастани ақди никоҳ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон пешбинӣ гардид.
Ҳамчунин дар Кодекси оила бо мақсади пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳҳои хешовандони наздик, бастани ақди никоҳ байни хешовандон, аз ҷумла, байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ва байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд. Хушбахтона, иқдоми навбатӣ низ самараи нек ба бор оварда истодааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шароити муосир номгузории миллӣ яке аз асосҳои муҳими эҳёи анъана ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Вобаста ба танзими масъалаи номгузорӣ, бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ 15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардида, муқаррар шуд, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» амалӣ мегардад.
Дар қонуни зикршуда пешбинӣ шудааст, ки насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин омадааст, ки насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози — ӣ, — зод, — зода, — он, — ён, — иён, — ёр, — ниё, — фар ташаккул ёбад.
Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз гирифта шавад. Ҳамзамон дар сатҳи қонун ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, мисли ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шуд.
Ба мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба роҳи рост ва меҳнати созанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқ ҳидоят намудани онҳо, ки метавонад ба тарбияи дурусти фарзанд дар оила таъсири мусбат расонад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви он дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Ҳамин аст, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони ҷумҳурӣ, 23 январи соли 2015 оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила ибрози назар шуда, бинобар рӯзмарра будани масъалаи мазкур пешниҳод гардид, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шуда, соли 2015 «Соли оила» эълон шавад.
Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.