40 нафар ҷавонони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод унвони пуршарафи сарбози Ватанро соҳиб гардиданд
ТОҶИКОБОД, 04.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Парчам ва Нишони давлатии ноҳияи Тоҷикобод маъракаи гусели наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маросим 40 нафар наваскарон дар комиссариати ҳарбии ноҳия аз ташхиси тиббӣ гузашта, бо либосҳои ягонаи варзишӣ саф оростанд.
Дар ҷамъомади гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода зикр намуд, ки бо “Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони шуҷою ғаюри ноҳияи Тоҷикобод ба комиссариати ҳарбии ноҳия ихтиёран ҳозир шуда, аз омодагӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ дарак доданд.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан -вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд бо ифтихор ва сарафрозӣ, бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ ба дифои марзу буми Ватан омодагӣ гирифта, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар-Ватан иҷро намояд. Зеро хизмат ба Ватан мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандист”.
Дар ҳамоиш собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони наваскарон ба сухан баромада, аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан суханронӣ намуданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири наваскаронро шод намуда, онҳоро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






