Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Октябрь 11, 2019 11:44

ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзуъҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ гардид.

Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва  ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”.

Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳалли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ҷиҳати пешбурди музокирот дар мавриди муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мусоидати амиқ хоҳад кард. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки лоиҳаи мувофиқашудаи байнидавлатии “Созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” ба имзо расонда шавад ва бо ин роҳ имкон аст заминаҳои ҳуқуқии натиҷаи фаъолияти чандинсолаи комиссияи муштарак мустаҳкам гардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 11.10.2019

Октябрь 11, 2019 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд