Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ёвон ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расидааст
ЁВОН, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ба 1 миллиарду 89 миллиону 945,7 ҳазор сомонӣ расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 миллиону 285,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон Аскарбек Набизода гуфт, ки дар ин давра ба миқдори 1 миллиону 810 ҳазору 918 тонна семент, 142 тонна намаки ошӣ, 1050 тонна оҳаки сохтмонӣ, 77,4 ҳазор дона хишти пухта, 994475 дона гаҷкартон, 801,3 тонна риштаи бофандагӣ, 1897,2 ҳазор дона хишти сементӣ, 3 миллион ҷуфт ҷӯроб, 20 ҳазору 475,1 тонна орд, 4496,35 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва дигар номгӯи маҳсулот истеҳсол гардида, 648 ҳазору 428 тонна семент, 30 тонна намаки ошӣ, 336 ҳазору 80 дона гаҷкартон, 617,3 тонна риштаи пахтагин, 2 миллиону 225,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 38,2 тонна риштаҳои рангкардашуда ва 1534,7 тонна алюминийи фтордор ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии мамлакат коргоҳи коркарди шири ҶДММ «Тиҷорати сорбон», коргоҳи истеҳсоли рангҳои эмулсионии ҶДММ «Муаллими Файзалӣ», коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои азбистии ҶДММ «Муқимӣ-1» ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавоти ҶДММ «Ёсини Ёвон» ба истифода дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин коргоҳҳои истеҳсолӣ зиёда аз 25 нафар сокинон ба кори доимӣ ҷалб гардиданд.








20 май — Рӯзи умумиҷаҳонии метрология: дар Тоҷикистон соҳаи метрология рушд меёбад
Раванди ислоҳоти низоми гумрукӣ ва татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд
Масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар саммити роҳбарони Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) дар Боку иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Фархор шинос шуд
Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд
Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродиро шарҳ медиҳад
Дар Душанбе рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ба қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дохил шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи баррасии татбиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия иштирок дорад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати фаъолияти пойгоҳи обкашии №17 дар ноҳияи Ёвон шинос шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид






