ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Дар Рӯшон бинои муосири таълимӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт
ХОРУҒ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Назришо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат варзиданд.
Хишти аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Рӯшон моҳи сентябри соли 2016 гузошта шуда буд. Барои бунёди бинои мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Корҳои сохтмониро коргарони ҶДММ «БДМ» ба зимма доштанд. Бинои нав барои 450 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз утоқҳои муосири фаннӣ, маҷлисгоҳ барои 210 ҷой, ошхонаву китобхона ва толору майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Омӯзгори ин муассисаи таълимӣ Лутфия Худододова барои бунёди чунин бинои зебову муҳташам изҳори минатдорӣ намуда, гуфт, ки «бинои кӯҳна соли 1924 сохта шуда буд ва синфхонаву утоқҳои тангу торик дошт. Аммо сарфи назар аз ин таълимгоҳи мазкур шахсиятҳои шинохтаву обрӯманде, ба мисли Меҳрубон Назаров, Басир Расо, Мамадназар Отамов, Ғолиб Исломов, Асалбек Назриев, Охонлаъл Оламов ва чандин нафарони дигарро ба воя расонидааст. Баъди бунёди бинои нав омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам болотар бардоранд».
Баъди ифтитоҳи расмӣ ва боздид аз синфхона, маҷлисгоҳу толори варзишӣ дар маҷлисгоҳи ин таълимгоҳ мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо қишрҳои гуногуни ноҳияи Рӯшон доир гардид.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов бо такя ба суханҳои Пешвои миллат изҳор дошт, ки «пешрафти илму техникаро дар ҷаҳони муосир бидуни таълиму тарбияи сифатан хуб тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996, дар замони нобасомониҳои дохилӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”-ро ба тасвиб расониданд. Маҳз ғамхории Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф аст, ки ҳамасола дар ҷараёни ирсоли Паём ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ таъкид гардида, барои беҳтар кардани сифати таълиму тадрис чораҳои таъхирнопазирро дар амал татбиқ менамоянд».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои хуб дода, баён дошт, ки Ҳукумати мамлакат танҳо соли 2019 беш аз 4 миллиард сомониро ба рушди соҳаи маориф равона намудааст, ки он дар муқоиса ба соли 2018 13 фоиз бештар мебошад. Зикр гардид, ки аз шумораи умумии муассисаҳои таълимии вилоят 54 ададашон ҳанӯз дар вазъияти садамавӣ қарор доранд ва бо супориши роҳбарияти олии мамлакат таъмиру навсозии ин муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 44 муассисаи таълимӣ бо фарогирии беш аз 4 ҳазор хонанда фаъолият дошта, сол аз сол шароити таълим рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва Раиси вилоят дар деҳаи Барзуди ҳамин ноҳия майдончаи варзишӣ ва макони дилхушӣ барои кӯдакон дар фазои идона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин ду иншоот давоми се моҳ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Некрӯз Худоёров дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ бунёд гардиданд. Маблағи харҷномавии ҳарду иншоот 420 ҳазор сомониро ташкил дода, дар майдончаи варзишӣ имконияти баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ фароҳам оварда шудааст.








Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад
Дар шаҳри Бохтар бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология бунёд карда мешавад
ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ–ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ОИЛАИ СОЛИМ. Дар ин мавзуъ бо сокинони Файзобод вохӯрӣ доир шуд
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза мегирад
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад






