Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 12-уми ҳамкории Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Нурсултон 12-умин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Форум манфиатдории Тоҷикистонро ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар доираи Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.
Дар доираи Форум ҷаласаҳои алоҳида роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, обу энергетика, иқтисоди сабз ва фанноварии иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.
Дар интиҳои чорабинӣ Изҳороти муштарак ва Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2020 қабул шуданд.
АКС ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид






