«ҲАР КАДХУДОЕРО БИРИНҶЕ…». Дар Душанбе Фестивал — намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор гардид

Октябрь 26, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 26.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 октябр дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бори нахуст Фестивал — намоиши шолӣ ва биринҷ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Хабарнигорони  АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳирҷон САИДЗОДА  аз макони баргузории  Фестивали мазкур гузориш  медиҳанд.

Дар Фестивал Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, намояндагони вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Фестивал – намоишро  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди шолӣ  ва дигар ҷашну фестивалҳои маҳсулоти кишоварзӣ  бо мақсади тарғиби таҷрибаи пешқадами деҳконон ва  рушди соҳаи  мазкур роҳандозӣ мегардад. Дар ин ҷашнвораҳо  беҳтарин кишоварзони соҳа  муайян гардида,   барои  дастоварҳои намоён  бо  мукофоту туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар  ин намоишҳо  гӯшаҳои махсуси  машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки  деҳқонон метавонанд аз  мутахассисони соҳа  дар парвариши ин ё он навъи маҳсулот  маслиҳатҳои зарурӣ  бигиранд».

Мавсуф  зикр кард, ки  Фестивали шолӣ ва биринҷ   низ  бо   ҳамин мақсад  таҷлил  гардида,  майдони кишти  шолӣ   васеъ   мегардад ва     навъҳои беҳтарини  биринҷ дар мамлакат меафзояд, ки ин мояи   хушҳолист.

 А.Раҳмонзода ҳамчунин  иброз дошт, ки  «тибқи иттилои коршиносон, дар ҷаҳон баъд аз гандум биринҷ муҳимтарин зироат маҳсуб мешавад. Махсусан барои Тоҷикистон рушди соҳаи шолипарварӣ аҳамияти махсус дорад.  Зеро лаззати таоми миллии мо — оши палав, ки яке аз хӯрокҳои  писандидаи   тоҷикон ва мардумони  қораи Осиё маҳсуб  мешавад ва  он  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид  гардидааст,   асосан аз  навъи биринҷ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, талаботи мардуми мо  ба биринҷ  зиёд аст».

Дар  фестивал-намоиш наъвҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ, таомҳои  аз биринҷ омодашуда, намунаи техникаи кишоварзии дар парвариши он истифодашаванда, инчунин дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ  доир ба зироати шолӣ  манзури иштирокдорон гардонида шуданд.

Иштирокдорони Фестивал бо нархҳои дастрас  навъҳои гуногуни биринҷро харидорӣ карданд. Ба қавли шайх Саъдии Шерозӣ, «расид ҳар кадхудоеро биринҷе».

Сипас  аз ҷониби  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хоҷагиҳои пешқадами шолипарвар,  беҳтарин  истеҳсолкунандагони  тухми хушсифати шолӣ  бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, аз рӯи номинатсияи «Хоҷагии беҳтарини шолипарварии  ҷумҳурӣ» ҷойи якум ба хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи «Хоҷагии беҳтарин дар истеҳсоли тухмии хушсифати шолӣ» ҷойи аввал насиби  Стансияи таҷрибавии «Панҷакент»-и  шаҳри Панҷакент гардид.

Дар   номинатсияи сеюм «Намоиши беҳтарин дастовардҳои соҳаи шолипарварӣ» ҷойи аввал ба вилотҳои Суғду Хатлон дода шуд.

Тавре муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Толибзода иброз намуд, дар тулии 28 соли  соҳибистиқлолии  мамлакат майдони кишти  шолӣ  бештар гардида, дар  умум дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ  парвариш  карда мешавад».

Хотиррасон мешавем, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳудуди 21 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 9,5 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида мешавад. Ҳосилнокӣ дар кишти асосӣ ба ҳисоби миёна атрофи 44 с/га ва дар кишти  такрорӣ ба 32 с/га мерасад. Истеъмоли солонаи биринҷ барои як нафар дар Тоҷикистон  аз  12 то 17 кг рост меояд.

Мавриди зикр аст, ки табибон  шифобахшии биринҷро таъкид намуда,  барои рафъи чандин бемориҳо хӯрдани онро тавсия медиҳанд.  Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами  биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон,  яъне омоси  рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад, ки  он  асабро ором намуда,  ба пӯст беҳбудӣ  бахшида, нохун ва муйро  дар ҳолати хуб  нигоҳ медорад.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон