«ҲАР КАДХУДОЕРО БИРИНҶЕ…». Дар Душанбе Фестивал — намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 октябр дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бори нахуст Фестивал — намоиши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳирҷон САИДЗОДА аз макони баргузории Фестивали мазкур гузориш медиҳанд.
Дар Фестивал Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, намояндагони вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Фестивал – намоишро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди шолӣ ва дигар ҷашну фестивалҳои маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади тарғиби таҷрибаи пешқадами деҳконон ва рушди соҳаи мазкур роҳандозӣ мегардад. Дар ин ҷашнвораҳо беҳтарин кишоварзони соҳа муайян гардида, барои дастоварҳои намоён бо мукофоту туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин намоишҳо гӯшаҳои махсуси машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки деҳқонон метавонанд аз мутахассисони соҳа дар парвариши ин ё он навъи маҳсулот маслиҳатҳои зарурӣ бигиранд».
Мавсуф зикр кард, ки Фестивали шолӣ ва биринҷ низ бо ҳамин мақсад таҷлил гардида, майдони кишти шолӣ васеъ мегардад ва навъҳои беҳтарини биринҷ дар мамлакат меафзояд, ки ин мояи хушҳолист.
А.Раҳмонзода ҳамчунин иброз дошт, ки «тибқи иттилои коршиносон, дар ҷаҳон баъд аз гандум биринҷ муҳимтарин зироат маҳсуб мешавад. Махсусан барои Тоҷикистон рушди соҳаи шолипарварӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро лаззати таоми миллии мо — оши палав, ки яке аз хӯрокҳои писандидаи тоҷикон ва мардумони қораи Осиё маҳсуб мешавад ва он ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардидааст, асосан аз навъи биринҷ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, талаботи мардуми мо ба биринҷ зиёд аст».

Дар фестивал-намоиш наъвҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ, таомҳои аз биринҷ омодашуда, намунаи техникаи кишоварзии дар парвариши он истифодашаванда, инчунин дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба зироати шолӣ манзури иштирокдорон гардонида шуданд.
Иштирокдорони Фестивал бо нархҳои дастрас навъҳои гуногуни биринҷро харидорӣ карданд. Ба қавли шайх Саъдии Шерозӣ, «расид ҳар кадхудоеро биринҷе».
Сипас аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳои пешқадами шолипарвар, беҳтарин истеҳсолкунандагони тухми хушсифати шолӣ бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, аз рӯи номинатсияи «Хоҷагии беҳтарини шолипарварии ҷумҳурӣ» ҷойи якум ба хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд сазовор дониста шуд.
Дар номинатсияи «Хоҷагии беҳтарин дар истеҳсоли тухмии хушсифати шолӣ» ҷойи аввал насиби Стансияи таҷрибавии «Панҷакент»-и шаҳри Панҷакент гардид.
Дар номинатсияи сеюм «Намоиши беҳтарин дастовардҳои соҳаи шолипарварӣ» ҷойи аввал ба вилотҳои Суғду Хатлон дода шуд.
Тавре муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Толибзода иброз намуд, дар тулии 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат майдони кишти шолӣ бештар гардида, дар умум дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ парвариш карда мешавад».
Хотиррасон мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳудуди 21 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 9,5 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида мешавад. Ҳосилнокӣ дар кишти асосӣ ба ҳисоби миёна атрофи 44 с/га ва дар кишти такрорӣ ба 32 с/га мерасад. Истеъмоли солонаи биринҷ барои як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 17 кг рост меояд.
Мавриди зикр аст, ки табибон шифобахшии биринҷро таъкид намуда, барои рафъи чандин бемориҳо хӯрдани онро тавсия медиҳанд. Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад, ки он асабро ором намуда, ба пӯст беҳбудӣ бахшида, нохун ва муйро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»











35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






