Ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ дар вилояти Суғд китоби «Тулӯи ҳақиқат» рӯнамоӣ гардид

Октябрь 5, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи муаллимон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати бештар аз 200 нафар олимону устодон ва донишҷӯён маҳфили муаррифии китоби тозанашри «Тулӯи ҳақиқат» баргузор гардид. 

Китоби мазкур маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китобҳои пурарзиши илмиву таърихӣ ва адабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва эҳтимоми Раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир» интишор шудааст.

Маҳфилро Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, аз моҳият ва арзиши китоб изҳори назар намуд. Аз ҷумла зикр намуд, ки ин китоб армуғони арзандае бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавриди шинохти ҳақиқати таърихӣ оид ба роҳи пурпечутоби миллати тоҷик дар масири таърих нақши баланд дорад.

Ба гуфтаи мавсуф, мақолоти дар китоб фароҳам омада бори дигар собит менамоянд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик қарор доранд ва осори илмиву адабии он кас сарчашмаи мӯътамади илмӣ барои муҳаққиқони муосир маҳсуб мешавад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба таърихи тамаддуни мамлакат, илм, адабиёт ва мақому манзалати чеҳраҳои мондагори миллат самти асосии тадқиқоти Сарвари давлат маҳсуб меёбад, ки он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдату истиқлолияти Ватани маҳбуб муассир аст.

Тоҷибой Султонзода нашри китобро дар арафаи Рӯзи забони тоҷикӣ фоли нек дониста, дастрас намудани онро ба хонандагон, махсусан донишҷӯёни мактабҳои олӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Тоҷибой Султонзода  муборакбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва нашри китоби “Тулӯи ҳақиқат” ба самъи ҳозирин расонид.

Номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯрабек Исомаддинов  дар маърӯзаи пурмӯҳтавои хеш бо номи ”Пешвои миллат ва масъалаҳои таърихи миллат” оид ба мақолаҳои “Тулӯи ҳақиқат” дар мавриди таърихи давлат изҳори назар кард. Аз ҷумла, оид ба саҳми шоёни Пешвои миллат дар маърифати сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва ташаккули мактаби таърихнигорӣ дар марҳилаи нави таърихӣ,  таҳаввули корномаҳои шахсиятҳои бузурги миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров дар раванди таҳқиқи таърихи тоҷикон ба ҳозирин бо санадҳои мушаххас нақл кард.

Номзади илмҳои филология Мӯсо Олимҷонов зимни маърӯзаи хеш таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ҳомӣ ва пуштибони забони тоҷикӣ” дар мавриди сиёсати давлатии забони миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мондагори Пешвои миллат дар шинохти сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, хизматҳои  фарзандони фарзонаи миллат дар густариши забони тоҷикӣ, мақоми шоистаи забони тоҷикӣ ба унвони забони илм дар масири таърих, истиқрори мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру ҳидоятҳо дар амри таъмини покизагии забони тоҷикӣ, мақом ва ҷойгоҳи он дар миёни забонҳои олам, таъмини асолат ва рисолати забони миллӣ дар шароити нави таърихӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавии тоҷикон ҳарф зад.

Зикр шуд, ки теъдоди муайяни ин китоб ба муассисаҳои таълимиву илмӣ, китобхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо тақдим мешавад.

Октябрь 5, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст