«Дар ҷавонӣ хидмати модар-падар кун!» — таҳти ин унвон дар Душанбе маҳфили адабӣ доир гардид

Октябрь 1, 2019 17:01

ДУШАНБЕ, 01.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба  Рӯзи байналмилалии куҳансолон  таҳти унвони  «Дар ҷавонӣ  хидмати модар- падар кун!»  маҳфили  фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  маҳфили  мазкурро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони он  номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро расонд.

М.Муинӣ  зикр кард, ки  мояи  ифтихор аст, ки Ҳукумати  мамлакат  ва махсусан Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи зиндагии пиронсолону барҷомондагон, нафақахӯрон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар ин робита дар мамлакат даҳҳо фармону қарор ва амру дастурҳои дахлдор  оид ба беҳгардонии шароити зисти ин қишри ҷомеа ба тасвиб расидаанд.

«Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ва бахусус пойтахти  мамлакат — шаҳри Душанбе Рӯзи куҳансолон  ва дигар санаҳои ифтихории марбут ба ин табақаи соҳибэҳтироми ҷомеа ба таври васеъ таҷлил мегарданд.    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ нисбат ба ин табақаи ҷомеа эҳтироми хосса зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо корҳои шоиста анҷом медиҳад. Бо ибтикори роҳбарияти  мақомоти шаҳр  дар пойтахт  Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки дар он шахсони бесаробону барҷомонда,  ниёзманд таҳти ҳимояти давлат ба нигоҳубин ва хизматрасониҳои алоҳида фаро гирифта шудаанд»,- таъкид намуд муовини Раиси шаҳр.

Дар  ҷамъомад ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин рӯз бо мақсади ҳифз ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шахсони  пиронсол дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ конференсияву вохӯрӣ, ҷамъомаду суҳбатҳои гуногун бахшида ба нақш ва саҳми табақаи номбурда дар пешбурди ҷомеа баргузор  карда  мешаванд.

Дар ҳамоиш   барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Сипас  бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрӣ  пешниҳод гардид.

Инчунин барномаи фароғатӣ — дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе   пешниҳоди   иштирокдорон гардонида шуд.

Дар Чойхонаи машҳури пойтахт — «Роҳат» барои иштирокдорони  ин ҳамоиш дастурхони идона ороста шуд.

Октябрь 1, 2019 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад