Дар барномаи «Бозтоб»-и радиои «Ховар» имкониятҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ, нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Ҳамин аст, ки соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои онро Президенти мамлакат қадами баробар гузоштан бо ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон ном бурдааст.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Суоли матраҳ ин аст, ки имрӯз дар дониишгоҳу донишкадаҳо ва дигар марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисии мамлакат татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи омода кардани мутахассисони забондони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва назари Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ин масъала чӣ гуна аст?
Шарҳи бештари ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» аз радиои «Ховар» пагоҳ, 11 октябр соатҳои 13:30 (асл) ва 20:30 (такроран) рӯйи мавҷи 101,5 Fm дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода бишнавед.