Дар бораи лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Москва манзур мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки имрӯз дар шаҳри Москва баргузор мешавад, баррасии як қатор лоиҳаҳои санадҳои муҳим, ки ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва дигар ҷиҳатҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод нигаронида шудаанд, дар нақша аст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Департаменти иттилоотиву таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар доираи маҳдуд оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин дар бораи сана ва макони баргузории ҷаласаи навбатии ШСҲ мубодилаи афкор дар назар гирифта шудааст.
Дар шакли васеъ баррасии ин лоиҳаҳои қарорҳо пешбинӣ шудааст:
— Дар бораи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чораҳои афзалиятноки татбиқи он.
— Дар бораи Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Ғайр аз ин, бидуни муҳокима ва надоштани изҳори норизоӣ ба имзо расонидани лоиҳаҳои зерин дар назар аст:
1) Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар бораи таҳия ва истифодаи намунаҳои стандартии таркиб ва хосиятҳои моддаҳо ва мавод.
2) Қарор дар бораи Маҷмӯи амалҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паранда ва бемории Нюкасл барои давраи то соли 2025.
3) Қарор дар бораи самтҳои асосии мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
4) Қарор дар бораи Самтҳои асосии (нақшаҳои) рушди навигатсияи радиоии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2019 – 2024.
5) Қарор дар бораи татбиқи барномаи мақсадноки байнидавлатии «Рекултиватсияи қаламравҳои аз истихроҷи уран зарардида» дар соли 2018.
6) Қарор дар бораи солҳои 2020 – 2024 давом додани кофтукови муштараки хизматчиёни ҳарбие, ки зимни ҷанг дар Афғонистон солҳои 1979-1989 бедарак гум шудаанд, ҷустуҷӯи ҷойгоҳҳои дафн, азназаргузаронӣ, муайян кардани ҷасадҳо ва дубора дафн кардани онҳо дар ватанашон.
7) Қарор дар бораи Бозиҳои кишварҳои ИДМ.
8) Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз 30 ноябри соли 2000.
9) Қарор дар бораи соли 2020 маблағгузорӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Самтҳои асосии рушди минбаъдаи кумаки тиббию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти собиқадорони ҷанг — иштирокчиёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва оилаҳои онҳо дар давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2020.
10) Қарор дар бораи истифодаи маблағҳои ҷудошуда барои ташкил ва рушди системаи муштараки мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъмини фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018.
11) Қарор дар бораи ҷудо кардани маблағ барои ташкил ва рушди системаи муттаҳиди мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2020.
Лоиҳаи аввал пешниҳод менамояд, ки ҳисоботи молиявӣ оид ба истифодаи маблағи ҷудошуда барои ташкил ва рушди системаи муштараки мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъмини фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 тасдиқ карда шавад.
Дар лоиҳаи дуввум пешниҳод мешавад, ки маблағҳои ҷудошудаи зарурӣ барои ин мақсадҳо дар соли 2020 ҷудо карда шаванд.
Дар ҷаласаи ШСҲ инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки бидуни муҳокима ва набудани норизоият лоиҳаи санадҳои танзимкунандаи Тартиби таъмини фаъолияти судяҳо дар феҳристи судяҳои Суди иқтисодии ИДМ ва дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳод ба имзо расад.
ДАР АКС: парки техникии «Сколково» дар Москва, ки он ҷо 25 октябри соли 2019 ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.








Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд






