Дар бораи лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Москва манзур мешаванд

Октябрь 25, 2019 11:53

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки имрӯз дар шаҳри Москва баргузор мешавад, баррасии як қатор лоиҳаҳои санадҳои муҳим, ки ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва дигар ҷиҳатҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод нигаронида шудаанд, дар нақша аст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Департаменти иттилоотиву таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар доираи маҳдуд оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин дар бораи сана ва макони баргузории ҷаласаи навбатии ШСҲ мубодилаи афкор дар назар гирифта шудааст.

Дар шакли васеъ баррасии ин лоиҳаҳои қарорҳо пешбинӣ шудааст:

— Дар бораи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чораҳои афзалиятноки татбиқи он.

— Дар бораи Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Ғайр аз ин, бидуни муҳокима ва надоштани изҳори норизоӣ ба имзо расонидани лоиҳаҳои зерин дар назар аст:

1) Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар бораи таҳия ва истифодаи намунаҳои стандартии таркиб ва хосиятҳои моддаҳо ва мавод.

2)  Қарор дар бораи Маҷмӯи амалҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паранда ва бемории Нюкасл барои давраи то соли 2025.

3)  Қарор дар бораи самтҳои асосии мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

4)  Қарор дар бораи Самтҳои асосии (нақшаҳои) рушди навигатсияи радиоии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2019 – 2024.

5)  Қарор дар бораи татбиқи барномаи мақсадноки байнидавлатии «Рекултиватсияи қаламравҳои аз истихроҷи уран зарардида» дар соли 2018.

6)  Қарор дар бораи солҳои 2020 – 2024 давом додани  кофтукови муштараки хизматчиёни ҳарбие, ки зимни ҷанг дар Афғонистон солҳои 1979-1989 бедарак гум шудаанд, ҷустуҷӯи ҷойгоҳҳои дафн, азназаргузаронӣ, муайян кардани ҷасадҳо ва дубора дафн кардани онҳо дар ватанашон.

7)  Қарор дар бораи Бозиҳои кишварҳои ИДМ.

8)  Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз 30 ноябри соли 2000.

9)  Қарор дар бораи соли 2020 маблағгузорӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Самтҳои асосии рушди минбаъдаи кумаки тиббию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти собиқадорони ҷанг — иштирокчиёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва оилаҳои онҳо дар давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2020.

10) Қарор дар бораи истифодаи маблағҳои ҷудошуда барои ташкил ва рушди системаи муштараки мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъмини фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018.

11) Қарор дар бораи ҷудо кардани маблағ барои ташкил ва рушди системаи муттаҳиди мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар соли 2020.

Лоиҳаи аввал пешниҳод менамояд, ки ҳисоботи молиявӣ оид ба истифодаи маблағи ҷудошуда барои ташкил ва рушди системаи муштараки мудофиаи ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъмини фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 тасдиқ карда шавад.

Дар лоиҳаи дуввум пешниҳод мешавад, ки маблағҳои ҷудошудаи зарурӣ барои ин мақсадҳо дар соли 2020 ҷудо карда шаванд.

Дар ҷаласаи ШСҲ инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки бидуни муҳокима ва набудани норизоият лоиҳаи санадҳои танзимкунандаи Тартиби таъмини фаъолияти судяҳо дар феҳристи судяҳои Суди иқтисодии ИДМ ва дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳод ба имзо расад.

 

ДАР АКС: парки техникии «Сколково» дар Москва, ки он ҷо 25 октябри соли 2019 ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.

Октябрь 25, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд