Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс 11 нафар варзишгарони навраси тоҷик иштирок мекунанд

Октябрь 10, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 октябр   дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 баргузор мегардад. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ин маротибаи аввал аст, ки дар чемпионат баробари писарон духтарон низ ширкат менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур  239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Аз ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба АМА сафарбар гардидаанд, ки дар 11 вазн муҳориба мекунанд.

Бибинишастамо Холова (52кг)
Фирдавс Рустамов (46кг)
Искандарбек Рустамов (48кг)
Баҳоваддин Солеҳов (50кг)
Абубакр Муродов (52кг)
Абдураҳим Ёқубов (54кг)
Довуд Маҳкамов (57кг)
Саддом Ҳоҷизода (60кг)
Бахтовар Далиев (63кг)
Темур Ташаҳинов (70кг)
Абубакр Юнусов (+80кг)

Ёдовар мешавем, ки  9 октябр ҷаласаи техникии ҳайатҳо ва қуръакашӣ баргузор шуд, ки ҳарифони варзишгарони мо дар даври аввал маълум гардиданд:

10 октябр

52кг
Абубакр Муродов – Адилет Омуров (Қирғизистон)

57кг
Довуд Маҳкамов – Ирускелдӣ Эмилбек (Қирғизистон)

63кг
Бахтовар Далиев – Синран Жао (Чин)

+80кг
Абубакр Юнусов – Арген Бактибеков (Қирғизистон)

11 октябр

50кг
Баҳоваддин Солеҳов – Абдулла Патиев (Қазоқистон)

46кг
Фирдавс Рустамов – По-Ҳао Ҳсу (Тайпейи Чин)

12 октябр

54кг
Абдураҳим Ёқубов – Умар Аҳмад (Кувейт)

60кг
Саддом Ҳоҷизода – Абзал Серик (Қазоқистон)

13 октябр

70кг
Темур Ташаҳинов – Бекбол Мурасбеков (Қирғизистон)

14 октябр

52кг
Бибинишастамоҳ Холова – Нигина Уктамова (Ӯзбекистон)

Искандарбек Рустамов (48кг) дар даври аввал озод аст.

Октябрь 10, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад