Дар Душанбе Намоиши байналмилалии молу маҳсулот доир мегардад
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 октябр дар бинои Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, (воқеъ дар кӯчаи Варзишӣ,2) Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019” баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.
Дар назар аст, ки дар Намоишгоҳи «Тоҷикистон- тирамоҳ 2019» намояндагони ширкатҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дуру наздик ва ватанӣ иштирок намоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- тирамоҳ 2019» 24 октябр, соати 10:00, дар «Кохи Борбад» гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳи мазкур 25 октябр баргузории ҳамоиши доираи соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст.










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






