Дар Душанбе оид ба масоили ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иттилоотӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машваратҳо баргузор мешаванд

Октябрь 14, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр дар шаҳри Душанбе Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соҳаи иттилоот»  баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Намояндагони мақомоти корҳои хориҷӣ оид ба дастгирии иттилоотии сиёсати хориҷии кишварҳои узви ИДМ мубодилаи таҷриба мекунанд.

Иштирокчиёни машваратҳо мавзӯъҳои кор бо афкори омма ва воситаҳои ахбори омма, ташкили барномаҳои медиавӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо дар доираи ИДМ-ро муҳокима мекунанд.

Илова бар ин, масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои муосир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Октябрь 14, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад