Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи милитсия мусобиқаи волейбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 28 октябр дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола дар мамлакат 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, мусобиқаи волейбол байни ҷузъу томҳои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 15 даста ширкат варзиданд. Дар он дастаи волейболбозони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ ҷойи аввалро ишғол намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳбубияти хосса дорад, дастаи шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 дастаи волейболбозони таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро мағлуб сохта, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҷойи дуюм насиби дастаи ДТММ гардид. Дастаи ШВКД дар ноҳияи Ховалинг дастаи Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб сохта, ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашт.
Аз ҷониби созмондиҳандагони мусобиқа ба дастаҳои ғолиб мукофот ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






