Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ ба анҷом мерасад

Октябрь 31, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 291 ҳазору 510 гектар зироати ғалладонагӣ кишт намуданд. То охири моҳи октябр 280 ҳазору 264 гектарро даравида, зироати 279 ҳазору 330 гектари онро барои истеҳсол омода намудаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ аз кишти такрорӣ дар арафаи анҷомёбист. Зироати ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд.

Вазорати кишоварзӣ талош дорад, ки кишти ғалладонагиро дар мамлакат бештар  намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд. Ҳосили умумии зироати ҷамъоваришуда 824 ҳазору 828 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ 1105 адад комбайнҳо машғули коранд.

Тавре  директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Раҳмон Саидзода иброз намуд, «яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон технологияи муосири парвариши зироати кишоварзӣ ва гирифтани 2-3 ҳосили зироат дар як сол ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа ҳосили умумии ғаллагиҳо дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад».

Ҳамин имкониятҳо буд, ки ғалладонагӣ соли 2018 зиёда аз 1,4 млн. тоннаро  ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1991 4,6 марортиба зиёд мебошад.

«Кишти такрорӣ асосан баъди ҷамъоварии ғаллаи тирамоҳӣ, сабзавот ва картошкаи барвақтӣ сурат мегирад. Деҳқононро зарур аст, ки ҳосилро ҳарчӣ зудтар ҷамъ оварда, шудгор ва сихмола ё дискмола гузаронанд. Кишти такрорӣ дар ҳама ноҳияҳои мамлакат бо тухмӣ ва ниҳолҳо гузаронида мешавад, аз ҷумла бо ниҳолҳои солими 30-35-рӯза ва 4-5- барга афзалиятнок мебошад»,- иброз дошт Раҳмон Саидзода.

Ёдовар мешавем, ки дар баъзе минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ҷамъоварии ғалладона идома дошта, то охирҳои моҳи ноябр ба итмом мерасад.

Октябрь 31, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд