Дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ таъсис ёфт

Октябрь 4, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ дар доираи татбиқи сиёсати ислоҳотии худ Маркази миллии протсессингии (ММП)  интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисобҳо таъсис дод. Дар ин хусус аз Бонки миллии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд.

Ҳадафи ММП баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмини шаффофияти амалиёт ва коҳиши хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф  мебошад.   Дар ин росто, дар Душанбе бо роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо иштироки роҳбарияти  ташкилотҳои қарзӣ ва намояндагони масъули онҳо ҷаласа доир гардид, ки дар он  ММП  муаррифӣ шуд.

Муовини раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки солҳои охир низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар  Тоҷикистон тамоюли рушди босуръат касб карда, тадриҷан чун дар дигар кишварҳои минтақа, ҳисса ва  нақши он дар миёнаравии молиявӣ ба таври назаррас зиёд шуд. Дар асоси таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ва бо назардошти рӯйдодҳои охири марбут ба пардохтнопазирии як қатор низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ, БМТ таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, дар натиҷа як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд менамояд. Бо назардошти он ки ҳамарӯза маблағи зиёд ба ҷумҳурӣ интиқол мешавад, бевосита ин раванд ба низоми бонкӣ хавфи калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки чунин ҳолатҳо боиси ба миён омадани мушкилии молиявии ташкилотҳои қарзӣ гардида, ҳадди ақал бо муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо (Лидер ва Мигом) уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва 45 миллион рубли русиро ташкил дод.

Гуфта шуд, ки ММП интиқоли маблағҳо – маҷмааи барномавию техникии БМТ буда, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб тавассути суратҳисобҳои муросилотии иштирокдорон, ки дар асоси шартнома дар БМТ кушода шудаанд, бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд. ММП интиқоли маблағҳо имкон фароҳам меорад, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шаванд. Маркази мазкур инчунин имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқоли пулӣ таъмин намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад, сифати хизматрасониро барои интиқолгирандагон беҳтар намуда, имкони назоратро дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин менамояд. Бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ба ММП кори бизнес-протсес бо интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир мемонад ва БМТ ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён ва иштирокдороне, ки амалиётро бо интиқоли маблағҳо иҷро мекунанд, кафолат медиҳад ва хизматрасонии интиқоли маблағҳоро бетаъхир ва бе расонидани зарар ба онҳо таъмин менамояд.

Октябрь 4, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд