Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид

Декабрь 4, 2025 13:40

ЁВОН, 04.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар хоҷагии деҳқонии «Ҳайталӣ Менглиқулов»-и ноҳияи Ёвон кишти картошка оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Зимни ҷамъомад Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки таъмини кишти ҳама намуди зироат яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ноҳия бояд дар иҷрои нақша ва зиёд намудани истеҳсоли картошка, пиёз ва сабзӣ саҳми муносиб гузорад. Ҳамчунин масъулин  ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, коркарди дурусти хок ва истифодаи тавсияҳои олимону мутахассисонро дуруст риоя намоянд.

Ҳадаф аз сари вақт гузаронидани маъракаи кишти зироати кишоварзӣ таъмини сокинон бо маҳсулоти тоза,  таҳкими амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ мебошад.

Мутахассисони соҳа ва шахсони таҷрибадор зимни ҷамъомад ба деҳқонон оид ба технологияҳои муoсири коркарди замин, пешгирии эрозияи хок, истифодаи нуриҳои минералӣ, нуриҳои алтернативӣ ва усулҳои самарабахши обёрӣ тавсияҳои илмию амалии муфид пешниҳод карданд. Бо татбиқи пурраи ин тавсияҳо хоҷагидорон метавонанд ҳосили баланд ва маҳсулоти рақобатпазир ба даст оранд.

Иброз гардид, ки аъзои хоҷагии деҳқонии «Ҳайталӣ Менглиқулов» мақсад доранд дар мавсими имсола ҳаҷми истеҳсоли картошкаро афзоиш дода, дар беҳбуди таъминоти бозори дохилӣ ва боло бурдани сатҳи фаровонии мардум саҳм гузоранд. Майдони интихобшуда барои кишт бо техникаҳои соҳавӣ хуб омода ва ҳамвор гардида, дар 1,2 гектар картошка кишт карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 4, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд