Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Октябрь 10, 2019 12:01

ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот, инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар расонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо рушди муносиботи ду давлатро дар соҳаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуда, тарғибу ташвиқи маконҳои сайёҳӣ, обҳои мусаффо ва шифобахш, табиати хушманзару маконҳои таърихии Тоҷикистонро дар расонаҳои саудӣ муфид зикр намуданд.

С. Сиддиқ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии давлатии Арабистони Саудиро ба манфиати  ҳарду давлат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи ҳамкориро дар ин робита таҳия  ва ба ҷониби Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст.   Мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими ҳарду давлат ва тарғибу ташвиқи дастовардҳо заминаи амиқ хоҳад гузошт.

Сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки баҳри роҳандозии робитаҳои иттилоотӣ ва ҳамкории расонаӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ зикр намуд, ки иқтидорҳои истифоданашуда дар ҳамаи соҳаҳо зиёданд ва баҳри татбиқи онҳо бояд пайваста талош намуд.

Тарафҳо робитаҳои дӯстонаи сарони давлатҳоро дар рушди муносиботи дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.

Октябрь 10, 2019 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд