ФАЛАК ДУРРИ БЕБАҲОИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ МО. Дар ноҳияи Данғара Рӯзи фалак таҷлил гардид

Октябрь 10, 2019 13:41

ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Даҳуми октябр ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи фалак ботантана ҷашн гирифта мешавад.  Бахшида ба ин рўз дар Қасри тозабунёди фарҳанги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи фалак барномаи пуршукӯҳ доир гардид.

Дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва дигар фаъолону меҳмонон иштирок доштанд.

Қабл аз оғози барномаи ҳунарӣ бонувону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастони хешро ба тамошо гузоштанд. Армуғонҳои зебо, чакану гулдӯзиҳои рангоранг, асбобҳои созӣ, аз қабили думбра, таблак, най, дутору доира бори дигар аз ҳунари волои ниёгони мо дарак медоданд. Дар гӯшаи дигар садои фалаксароёни хушовоз зери мусиқии хушнавоз ба қалбҳо сурур мебахшид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи фалак табрик гуфта, таъкид дошт, ки хушбахтона, дар давраи роҳбарии фарзанди фарзонаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем анъанаҳои неки ниёгон, махсусан санъати асили миллии худ-фалакро эҳё намоем.

«Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, ки имрӯз дар муҳити нави рушди фарҳанг  анъанаҳои беҳтарини он идома дошта, бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст. Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми мост»,- иброз дошт раиси вилоят.

Тавре зикр гардид, дар давраи истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба шашмақому фалак ба таври шоиста арҷгузорӣ гардид. Тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон аз 10 марти соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Фалак» ташкил карда шуд, ки  имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Дар ҳамоиш барномаи консертии ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва ҳунармандони вилояти Хатлон пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Дар ин барнома шеъру оҳангҳои халқиву шоирони классику муосир, аз ҷумла Бедил, Шамси Табрезӣ, А. Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Лоиқ Шералӣ, Лутфи Хамӯш, Авлиё Ҳусайн Мағмуми Дарвозӣ, Муллоёри Ванҷӣ, Хайрандеш ва дигарон аз ҷониби аҳли ҳунар бо маҳорати хосса суруда шуданд.

Садои рӯҳбахши ҳофизон Давлатманди Хол, Баҳриддин Беков, Шодмон Одинаев, Раҷабалӣ Ҳувалов, Сафовуддин Раҷабов, Сайҷамол Шоимов, Нурулло Холов, Бахтиёр Ҷӯрақулов, Рӯзибой Идиев, Исмоил Назриев, Назриддин Неъматуллоев, Ҷовидон Нозимов, Матлуба Раҳимова, Сураҷ Муалимбошев, Ҳикмат Анваров, Ибодат Раҷабова, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Фотима Машрабова, Лоиқ Холов ва дигарон ба қалбҳо нишоту сурур бахшид.

Октябрь 10, 2019 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ёдгории нави таърихӣ кашф гардид
Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳо конфронс доир гардид
«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Беш аз 30 тарроҳ маҳсули дастони худро дар Душанбе ба намоиш гузошт
Филми мустанади «Тоҷикон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия мешавад
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд
Соли чорум аст, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз тамошои Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баҳра мебаранд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Пешниҳод: «Чойхонаи миллии тоҷикӣ бояд ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид карда шавад»
Дар ноҳияи Шуғнон 6 нафар ба даври вилоятии Озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» роҳхат гирифтанд
Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад
Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Русия соҳиби ду ҷоиза гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ва ё тоҷикон бо ҳунари волои хеш ҷаҳонро тасхир мекунанд

Маводҳои таҳлилӣ