Фарҳод Маҳмадшозода: Дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба деҳот кам нест
ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба деҳот кам набуда, пеш аз ҳама, дар моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии маъмурии ҷумҳурӣ дар баробари вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мақоми деҳа низ муайян гардидааст. Ин нуктаро муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фарҳод Маҳмадшозода имрӯз, 28 октябр, дар Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ», ки дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар кори конфронс намояндагони як зумра мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо кумитаву донишгоҳҳои мамлакат, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Зимни конфронс дастовардҳои қонунгузории дохилӣ, таҳлили иқтисодӣ-ҳуқуқии вазъи деҳот, самтҳои стратегии пешрафти деҳот, масъалаҳои иҷтимоии деҳот, таъсиси ҷойҳои корӣ ва худмашғулият, вусъати корҳои ободонӣ дар деҳот, рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии деҳот баррасӣ гирдиданд.
Бояд тазаккур дод, ки конфронси мазкур бахшида ба «Ҳафтаи соҳибкорӣ» дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2019 баргузор гардид.
Дар интиҳо аз ҷониби маърӯзачиён таклифҳои судманд доир ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва рушди иқтисоди деҳот пешниҳод гардида, оид ба мавзӯъҳои баррасишуда музокирот сурат гирифт.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






