ФУТБОЛ: дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола ва Нигерия ба ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд

Октябрь 31, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола ва Нигерия пешакӣ ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17 ноябр идома меёбад, роҳ пайдо карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони  Бразилия, ки дар гурӯҳи «А» дар ду бозӣ бар дастаи мунтахаби наврасони Канада бо ҳисоби 4:1 ва дастаи мунтахаби Зеландияи Нав бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо шаш имтиёз мақоми аввал касб намудааст. Дастаи мунтахаби Ангола низ дар гурӯҳи «А» дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Зеландияи Нав ва Канада бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, шаш имтиёз гирифтааст. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Ангола дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби Нигерия дар гурӯҳи «В» бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Футболбозони навраси ин кишвари африқоӣ дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби  Венгрия бо ҳисоби 4:2 ва Эквадор бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар Чемпионати  ҷаҳон-2019  24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи «Е» шомил аст, баъди натиҷагирии даври аввал бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Испания бо якимтиёзӣ ҷойҳои дуюму сеюмро касб намудаанд. Дастаи мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Бояд зикр кард, ки бозии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  31  октябр (1 ноябр, соати 01:00 бо вақти Душанбе) ба муқобили дастаи мунтахаби  наврасони Испания доир мегардад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Камерун бо дастаи мунтахаби Аргентина рақобат мекунанд.

Натиҷаи бозиҳо ва мавқеи дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия

Бразилия – Канада – 4:1

Зеландияи Нав – Ангола – 1:2

Ангола – Канада – 2:1

Бразилия – Зеландияи Нав – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Бразилия 2 2 0 0 7-1 6
2 Ангола 2 2 0 0 4-2 6
3 Канада 2 0 0 2 2-6 0
4 Зеландияи Нав 2 0 0 2 1-5 0

Нигерия – Венгрия – 4:2

Эквадор – Австралия – 2:1

Нигерия – Эквадор – 3:2

Австралия –– Венгрия — 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «В»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Нигерия 2 2 0 0 7-4 6
2 Эквадор 2 1 0 0 4-4 3
3 Австралия 2 0 0 1 3-4 1
4 Венгрия 2 0 0 1 4-6 1

Фаронса – Чили – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Гаити – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «С»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Фаронса 1 1 0 0 2-0 3
2 Кореяи Ҷанубӣ 1 1 0 0 2-1 3
3 Гаити 1 0 0 1 1-2 1
4 Чили 1 0 0 1 0-2 0

ИМА – Сенегал – 1:4

Ҷопон – Нидерланд – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «D»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Сенегал 1 1 0 0 4-1 3
2 Япония 1 1 0 0 3-0 3
3 ИМА 1 0 0 1 1-4 0
4 Нидерланд 1 0 0 1 0-3 0

Испания – Аргентина – 0:0

Тоҷикистон – Камерун – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Тоҷикистон 1 1 0 0 1-0 3
2 Аргентина 1 0 1 0 0-0 1
3 Испания 1 0 1 0 0-0 1
4 Камерун 1 0 0 1 0-1 0

Ҷазираҳои Соломон – Италия – 0:5

Парагвай – Мексика – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «F»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Италия 1 1 0 0 5-0 3
2 Мексика 1 0 1 0 0-0 1
3 Парагвай 1 0 1 0 0-0 1
4 Ҷазираҳои Соломон 1 0 0 1 0-5 0

 

Хотирнишон менамоем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол дар Чемпионати ҷаҳон-2019 нахустин бозии  худро бо пирӯзӣ шурӯъ намуд, ки ин  умеду орзуҳои моро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи минбаъда бештар мекунад. Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Бразилия ҷараён дорад, 29 октябр   дастаҳои  мунтахаби наврасони то  17-солаи Тоҷикистон ва  Камерунро ба ҳам овард ва футболбозони  навраси тоҷик  чемпиони  Африқо дар соли 2019-  Камерунро  мағлуб карданд.   Голи ягонаро дар ин дидори ниҳоят ҳассос нимҳимоятгар  Шарифбек Раҳматов аз ҷаримаи ёздаҳметра вориди дарвозаи дастаи мунтахаби Камерун сохт.

Ҳамин тавр футболбозони ҷавону шинохтаи   тоҷик дар бозии нахустини худ қаҳрамони Лигаи миллатҳои Африқоро мағлуб карданд.

Бояд зикр кард, ки  бозии дигари гурӯҳи «Е» байни дастаҳои мунтахаби наврасони  то 17-солаи  Аргентина ва Испания бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар айни замон дастаи  мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон бо касби се имтиёз пешсафи гурӯҳи «Е» ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд аъзои дастаи мунтахаби то  17-солаи Камерун аз ҷиҳати қаду қомат ва физикӣ нисбатан ба бозингарони мо бартарӣ доштанд ва  инро  ҳайати мураббиён дар мусоҳиба бо мо баён дошта буданд, вале  бозингарони тоҷик бо дарки ин ҳама  бозиро  бо пирӯзӣ анҷом доданд.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби наврасони то  17-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба футбол, ки дар Бразилия аз 27 октябр шурӯъ гардида,  то 17 ноябр идома меёбад, ширкат дорад. Дар ин мусобиқаи муҳими сайёра Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби наврасони  Испания, Аргентина ва Камерун  ба майдон мебарояд. Бозии дуюми дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 ноябр, соати 1:00, бо дастаи мунтахаби Испания ва бозии ниҳоии гурӯҳӣ 4 ноябр, соати 1:00 бо дастаи мунтахаби Аргентина сурат мегирад. Мухлисони футболи тоҷик имкон доранд ин бозиҳои муҳимро тариқи телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» бо шарҳ бо  забони давлатӣ тамошо кунанд.  Инчунин  ҳамарӯза аз натиҷаи ин бозиҳо барои ҳаводорони футболи тоҷик тариқи барномаи «Ҷаҳони Варзиш» бо шореҳи варзиш Меҳрони  Қурбон  дар радиои «Ховар» ва сомонаи  АМИТ «Ховар» маводи саривақтии варзишӣ пешкаши шумо  мегардад.

Октябрь 31, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 иштирок менамоянд
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқа се медал ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Макао бозӣ мекунад
Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд
Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
«Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд
Пагоҳ бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
Ҷудочии тоҷик Рошид Неъматов дар Чемпионати Осиё байни наврасон медали тилло ба даст овард
Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд
Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид