ХУДРО ДАР ТАЪРИХ САБТ НАМО! Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон аз 1 то 15 октябри соли 2020 доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷараёни корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ВАО суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид. Таъкид шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар оғози ҳамоиш директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи навбатии барўйхатгирии аҳолии сайёра, ки ба соли 2020 рост меояд, ҳамроҳ шуда, Агентии омор барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи умумиҷаҳонӣ барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ро тибқи стандартҳои байналмиллалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.
«Барӯйхатгирии аҳолӣ чорабинии муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад. Айни замон, корҳои тайёр намудани «Дастурамал дар бораи тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» идома доранд»,-гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти Г. Ҳасанзода, соли равон бо дастгирии молиявии намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 121 нафар кормандони барўйхатгирии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Турсунзода дастурдиҳии омўзишӣ дар мавзӯи «Ҷараёни корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» гузаронида шуд.
Ҳамзамон бо дастгирии молиявии ташкилоти зикршуда ва кумаки техникии Агентии омор дастурдиҳии омўзишӣ дар мавзўӣ “Ҷамъоварии маълумот бо истифода аз таҷҳизоти мобилӣ” барои кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИДМ дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд.
Айни замон, барои тарғибу ташвиқи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор гардидани Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Нуфуси СММ корҳои омода намудани маводи таблиғотӣ, аз ҷумла роликҳои ташвиқотӣ ва сатри равон дар телевизион, таблиғот дар радио, тақвимҳои рӯимизи, деворӣ ва кисагӣ омода шуда истодаанд, ки шурӯъ аз моҳи декабри соли равон дастраси ташкилоту идораҳо ва аҳолӣ мегарданд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби муовини сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омор Наҷмидин Ризоев дар бораи ҷараёни корҳои тайёрӣ ва барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, он маълумоте, ки бевосита зимни корҳои барӯйхатгирӣ муҳим ва зарур аст ва он корҳое, ки то баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ бояд анҷом дода шаванд, тариқи рӯнамоӣ пешниҳод гардид.
Инчунин дар идома муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода изҳор намуд, ки бо мақсади амалисозии лоиҳаи Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз 10 то 24 октябри соли 2018 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Норак баргузор карда шуд.
«Барӯйхатгирии санҷишӣ натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ин стандарти байналмилалӣ аст ва дар тамоми дунё пеш аз маъракаи барӯйхатгирии асосӣ санҷишии он гузаронида мешавад. Яъне барнома санҷида мешавад. Дар барӯйхатгирии санҷишӣ як чиз баръало эҳсос шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда буданд. Бо ҳамин мақсад аз тамоми намояндагони ВАО даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати огоҳ намудани аҳолӣ, даъват барои иштирок дар ин маъракаи муҳим ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд»,-илова намуд ӯ.
Зикр гардид, ки Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат мегирад.
Ба маълумоти номбурда, Агентии омор кӯшиш дорад, ки дар Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бақайдгириро пурра тариқи планшет ба роҳ монанд. Барои гузаронидани ин маърака истифодаи тақрибан сеюним ҳазор дона планшет дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин Агентии омор кӯшиш намуда истодааст, ки ҳадди ақал 5% бақайдгирии аҳолӣ ва фонди манзилро тариқи интернет пурсиш анҷом бидиҳад. Дар барӯйхатгирии аҳолии санҷишӣ қариб 3% тариқи интернет пурсиш сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки маблағгузории асосӣ барои баргузор намудани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мебошад.
Инчунин зикр гардид, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷет барои рӯйхатгирии соли 2020 шумораи тақрибии кормандони муваққатӣ ва маводи зарурӣ барои гузаронидани ин маърака муайян карда шудааст. Айни ҳол барои муваффақона гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ корҳо идома доранд.
Инчунин зикр гардид, ки дар барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2010 34 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон, донишҷӯён, табибон, ҷавонон, кормандони ХМК, раисони маҳаллаҳо ба маърака ҷалб гардида буданд. Вале дар барӯйхатгирии навбатӣ шумораи онро то 20 ҳазор нафар кам мекунанд. Дар айни ҳол 120 нафар кормандони муваққатӣ дар марказ-10 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳо 3-4 нафарӣ фаъолияти карда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009 қабул карда шудааст, ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000- ум бори аввал барўйхатгирии аҳолӣ, соли 2010 барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронид.
Ҳамзамон корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” оғоз гардидаанд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»