Қиссаҳои таърихии Шераки Ориён таҳти унвони «Писарак Варғуман ва духтарак Уғдғунчаи ҳунарпанҷа» ба нашр расиданд

Октябрь 2, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 02.10.2019/АМИТ «Ховар»/. «Писарак  Варғуман  ва духтарак Уғдғунчаи ҳунарпанҷа»-таҳти чунин унвон матбааи «Ашӯриён» аз силсилакитобҳои «Саразм ва баъди Саразм» асари   нависандаю пажӯҳишгар  Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода)-ро  ба табъ расонд.

Китоби мазкур  се қисса – «Ориёндухте, ки  барояш ҳафт шаҳристон сохта шуд», «Деваштич ва пайравони вай» ва «Писарак  Варғуман  ва духтарак Уғдғунчаи ҳунарпанҷа»-ро дар бар мегирад. Дар он инчунин дар бораи Саразм ва  идомаи ин шаҳристони  оҳангудозон қиссаҳо оварда шудаанд.  Китоби нависанда  доир ба ориёдухтари  номвар Аппама  ва роҷеъ ба диловарони миллат  Деваштичу Анаҳита ва дигар забардастону  ҳунармандони суғдзамин, хосса Саразми бостон ҳикоят мекунад.

Шераки  Ориён муаллифи 88 китоб буда, нигоштаҳои ӯ  ба чил забони халқҳои дунё-  англисӣ, франсузӣ,  японӣ, чинӣ, ҳиндӣ, урду, полякӣ, қазоқӣ,  беларусӣ, ӯзбекӣ, чехиву немисӣ,  арманию гурҷӣ,  испаниву арабӣ  ва ғайра тарҷума ва нашр гардидаанд.

Ҳамчунин нависанда муаллифи   43 филми бадеӣ, фалсафӣ ва  ҳунарӣ мебошад. Филмҳои «Дӯстонро намефурӯшанд», «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Афсонаи зиндагӣ» ва ғайра дар кишварҳои гуногуни дунё муаррифӣ гардида, эҷодиёти нависанда бо ҳафт ҷоизаи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки  муаллифи китоб Шераки Ориён  дар ҳафриёти   археологии Саразму  шаҳристонҳои он, хосатан Панҷакенти қадим борҳо иштирок  намуда,  аз рӯи омӯзиш ва натиҷаҳои    бардоштааш 13 асар,  6 филми мустанад эҷод  ва таҳия намудааст, ки  филмҳои маъруфи  «Пампеи Машриқзамин» ва «Эътиқод»  аз ҳамин қабиланд. Инчунин нигоштаҳои нависанда ба китобҳои дарсии мактабҳои  олии Тоҷикистон, Россия  ва кишварҳои аврупоӣ ворид гардидаанд, ки «Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ», «Анатомияи  садоқату муҳаббати инсонӣ» ва «Эҷод чист ва эҷодгар кист?» аз ҳамин қабиланд.

 

Октябрь 2, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид