Кондуктори бадгуфтори мусофиркашони хатсайри №2 ҷазо гирифт
ДУШАНБЕ, 15.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба кондуктори мусофиркашони хатсайри №2 (микроавтобуси тамғаи Мерседес-Спринтер, аломати қайди давлатиаш 5553 ТТ 05), истиқоматкунандаи кӯчаи А. Ҷомии пойтахт Наврӯз Назарови 28-сола, дар асоси далелҳои овардашуда бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 12 октябр сокини шаҳри Душанбе Мавлуда Талбакова дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки нисбат ба кирдорҳои дағалонаи кондуктори номбурда дар доираи қонунҳои амалкунанда тадбир андешида шавад. Чунки Н.Назаров зимни фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри №2 бо дашному суханҳои қабеҳ шаъну шарафи духтари 16-солаи ӯро, ки аз кондуктор баргардонидани 3 сомонӣ бақияи маблағи роҳкирояшро талаб намудааст, паст задааст.
Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиати мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи баёноти Н.Назаров, муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат дар ҳолати асабоният ба мусофири нақлиёти ҷамъиятӣ – ҷавондухтари 16 — сола суханҳои қабеҳ зада, нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки амалу кирдорҳои номатлуби ин кондуктор мавриди интиқоди шадид ва вокуниши сахти корбарону истифодабарандагони соманаи иҷтимоии «Фейсбук» қарор гирифта, шаҳрвандон аз милитсия дархост намуданд, ки ин масъала мавриди санҷиши ҳамҷониба қарор дода шавад.
Ҳарчанд РВКД дар шаҳри Душанбе борҳо аз чунин рафтори ғайриоинномавӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона ва муносибати дағали ронандагону кормандони нақлиёти мусофиркашонӣ бо мизоҷон гузоришҳо пешниҳод намудааст, ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд кормандони ин соҳа, ки зимни адои вазифаи ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ роҳ дода, нисбат ба мусофирон беҳурматӣ зоҳир ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро поймол месозанд.
Раёсати мазкур ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо минбаъд низ амалиёти профилактикӣ гузаронида, нисбат ба вайронкунандагони қонун тадбир меандешад.








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






