МЕҲРГОНИ ОРИЁН ОМАД! Андешаҳои Содиқи Кашрӯдӣ дар иртибот ба ин ҷашни бостонӣ

Октябрь 15, 2019 16:22

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон таҷлили иди Меҳргон идома дорад. Тадобири асосии ин ҷашн дар сатҳи давлатӣ 19 октябр дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир карда мешаванд.

Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини миллати тоҷик ва дигар халқҳои ориёӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. «Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст», — гуфтаанд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон.

Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст.  Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад.

 Мулоҳизаҳои шоир Содиқи КАШРӮДӢ ба ҳамин ҷашни бостонӣ  бахшида мешавад.

Тоҷикон, шояд нахустмардумоне бошанд, ки дар рушду нумӯи фарҳанги инсониву ҷаҳонӣ, рў овардан ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек гомҳои устувору густурда гузоштанд. Нахустмардумоне ҳастанд, ки Худои ягонаро шинохтанд, бо Аҳрамани бадманишу бадкуниш дар набард буданд. Ба кишту кор, бунёди боғу токзор, шаҳру деҳ, роҳу пул, ром кардану парвариши ҷонварон, ҷавонмардӣ, ростиву растагорӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ ва монанд ба ину он кору кирдорҳои неку рўзибахши инсонӣ камари мардонагӣ бастанд. Чандин падидаҳои неки инсониро, ба монанди Наврўз, Меҳргон, Сада рўи кор оварданд ва онҳоро дар рўзҳои пазируфта бо тобишу шеваи баргузида ҷашн мегирифтанд. Ва ба фароҳам омадани фарҳангу хиради инсонӣ хизматҳои боризу арзанда карданд. Ҳарчанд бисёре ин дастовардҳо аз сўи барбариёни ёбоӣ ба коми нестӣ дода шуд.

Яке аз чунин падидаҳо Меҳргон мебошад, ки аждодони мо онро дар фарҷоми корҳои борварӣ ба тарзи пазируфта ё баргузида ҷашн мегирифтанд. Онро дар замони қамар ва пас аз он «Ҷашни ҳосил» низ ном мебаранд.

Ин ҷашнро бегонагони бехирад пас аз забти сарзамини мо дар баробари забону фарҳанг ва бисёр суннатҳои гаронмояву пурарзиши мо бекор карданд. Новобаста аз ин ниёгони шарафманди мо, онҳоро бо ҳар роҳу восита, бавижа чомахону нависандагони мо бо навиштаҳои худ то замони мо нигоҳ доштанд. Номи хуби тоҷикона дорад.

Бо расидани насими Озодӣ ва соҳиби Кишвари озод бо номи Тоҷикистон гаштани мардуми тоҷик имрўз Меҳргонро бо номи «Ҷашни ҳосил» пешвоз мегиранд. Зинда шудану рўи кор омадани Меҳргон ба Пешвои гиромии миллат, Президенти кишвар-Шоҳ Эмомалӣ Раҳмон сахт вобастагӣ дорад. Худо нокарда як манкурт ва ё дур аз донишу хирад, дур аз шеъру шоирӣ ва суннатҳои миллӣ сари кор мебуд, вой бар ҳоли тоҷику фарҳанги ў буд. Худованд ба бахти мардуми тоҷик, ин абармарди майдони сиёсат ва донишу фарҳанги ҷаҳониро ба мо арзонӣ дошт, ато фармуд ва мо на танҳо арзишҳои бударо ҷоннок кардем, балки арзишҳои аз ёд рафтаву бекор шударо рўи кор овардем, ҳатто гоҳи ҷаҳонӣ бахшидем. Дар ин раванд мехоҳам ёдрас шавам, ки мо мардуми тоҷик нибегу навишта, ҷашну суннатҳои нек, сарварону сулолаҳои бузург, чун Пешдодиён, Каёниён, Кушониён, Сосониён, Сомониён, Каюмарс, Ҳушанг, Зардушт (Пайғомбари Худо), Гуштосп, Ҷамшед, Фаридун, Анушервони Одил, Бузургмеҳр, Наврӯз, Меҳргон, Сада, Авесто, Шоҳнома, Гулистону Бўстон, Маснавии маънавӣ, Шашмақом, Фалак, сарводаву чома, суруду тарона, Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Айниву Турсунзода ва дигару дигарҳо доштем, бавижа сарвари бузургу хирадманд, чун Шоҳ Эмомалӣ Раҳмонро дорем (дареғи он нигебу навиштаҳои куҳан ва арзишҳои моддиву фарҳангии ба коми оташрафта ва гумшуда, ки имрўз мо ба онҳо бештар ниёз дорем), нёоз ба ягон нигебу навишта ва ройу роҳи дунявию уқбавии бегона надорем. Моро, ки дар гузашта бегонагони бефарҳанг шикастанд, аз давлатау савлатамон дур карданд, бо зури теғу тир аз хираду дониш ва фарҳангу суннатҳои худ бегона карданд, танҳо имрўз ба техникаву технологияи кишварҳои пешрафт ниёз дорем. Умед аст, ки дар ин самт низ ба мурод мерасем.

Бо дастури Пешвои гиромӣ дар асоси Қонун дар бораи ҷашнҳо рӯзи 15 октябр Рўзи Меҳргон шинохта шуд. Ин рўз ба тоҷику Тоҷикистониён фархунда бод.

 

    М Е Ҳ Р Г О Н

Шоҳо, ҷашни Меҳргон омад.

Ҷашни марди деҳхон омад.

Хонҳо пур шуд зи нозу нон,

Шодӣ бар пиру ҷавон омад.

Хирмани гандуму наску ҷав,

Пушти ҳам, чун Каҳкашон омад.

Шоливу полезиву ангур,

Пунбаву нах, нуқрасон омад.

Ҳосили кишту дарав имрўз,

Корвон бар корвон омад.

Серу пур шуд мардум аз анво,

Ёди ёри меҳрубон омад.

Рафт айёми гулу савсан,

Давру даврони хазон омад.

Оби рўду чашмаву ҷўбор,

Тозаву софу равон омад.

Аз қудуми Меҳргон имрўз,

Шодӣ бар ҳар хонадон омад.

Бар дилу бар дидаи мардум,

Меҳргон, доманкашон омад.

Ҷамъ омад он парешонӣ,

Мурғи бахт бар ошён омад.

Ориёно, зинда шуд аз нав,

Шавкату шони каён омад.

Хушиҳои зиндагӣ яксар,

Хуш бари Шоҳи ҷаҳон омад.

Хусраво, базму тараб сар кун,

Навбати оби разон омад.

Чомахону чангзан мутриб,

Базму бозии хубон омад.

Зеҳ бар ту, эй Шаҳи шоҳон,

Бар замин аз осмон омад.

Тоҷу тахту бахти ту, чун ту,

Хуш ба бахти тоҷикон омад.

Шоду хуррам Содиқи шоир,

Хуш ба базмат шеърхон омад.

Октябрь 15, 2019 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода