Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Чин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Шэн Юэюэ мулоқот намуд.
Тавер АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба қарордошта, аз ҷумла татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада, таҳкиму густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкории амалии ҳарду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо бар он ақида буданд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ яке аз самтҳои муҳими шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб рафта, тақвият ва тавсеаи онҳо, инчунин миёни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба рушди ҳамкории дуҷонибаи амалӣ дастгирӣ ва мусоидати воқеии зарурӣ мерасонанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






