Натиҷаи бозиҳои даври бистуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Октябрь 28, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври бистуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 27 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо «Регар-ТадАЗ», «Хатлон» бо КМВА «Помир», «Истаравшан» бо «Панҷшер»,  «Истиқлол» бо «Хуҷанд» байни  ҳам вохӯрданд. Ин  мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар бозии марказии даври  бистуми мусобиқоти Лигаи олии   Тоҷикистон дастаи   футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи   «Хуҷанд»-и Хуҷанд пирӯз гардид. Рақобати ин дастаҳо   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон хатм шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 20-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1

«Хатлон» – КМВА «Помир» – 1:2

«Истаравшан» – «Панҷшер» – 3:0

«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

Бояд  зикр кард, ки  бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 19 ва 20 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардид буданд. Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи «Кӯктош» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Истаравшан», «Панҷшер» бо «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бо ҳам вохӯрданд.

Дар ин даври мусобиқот дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки аллакай чанд давр пеш унвони чемпиониро дар Лигаи олӣ ба даст оварда буд, дар сафар ба дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ғолиб омад. Футболбозони ҷавони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе  Муҳаммадҷон Раҳимов (дақ 2, 55), Шериддин Бобоев (дақ. 23) ва Шаҳром Самиев (дақ. 25) ғалабаи дастаро дар рақобати сафарӣ таъмин карданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд.

Хотиррасон   мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» акнун имтиёзи 51-уми худро ба даст овард.

 Чемпионати Таҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум.

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 2:4                    

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 2 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (0:2). Шаҳром Самиев, 25 (0:3). Амир Мемарӣ, 49. (1:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 55 (1:4). Амир Мемарӣ, 63. (2:4).

Бозиҳои дигари даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо  чунин натиҷа анҷом ёфтанд:

 «Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Равшан Азизов, 37   (1:0). Азизбек Султонов, 63 (2:0). Сорбон Авғонов, 78 (2:1).

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 5:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 18 (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 30  (2:0). Мбеке Диеудонни, 44 (2:1). Шерзод Маҳамадиев, 47   (3:1). Ҳоҷибой Зиёев, 56 (3:2). Асадбек Зиёзода, 71   (4:2). Ҷамолиддин Зардиев, 78 (5:2).

 «Худҷанд» – КМВА «Помир» – 0:0

Бояд хотирнишон кард, ки бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи октябр дар сатҳи олӣ баргузор шуданд.

Дар бозии марказии даври мусобиқоти мазкур дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар майдони худ аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти чемпиони  Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1, КМВА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Дастаи «Истиқлол», ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, бори ҳаштум ба унвони чемпиони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаи футболи «Хуҷанд» бо 36 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст.  Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»  бо 29 имтиёз дар ҷойи сеюм аст

Мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 59 (1:0). Юрий Захаркив, 66 (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+4 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 68 (0:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 27 (0:1). Шерзод Маҳаммадиев, 61 – аз пеналтӣ (0:2). Аҳтам Назаров, 72 – аз пеналтӣ (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 35 (1:0). Бахтовар Зокиров, 75 (2:0). Тулқинҷон Умаров, 84 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 66 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозингари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 4 ноябри соли равон  байни дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон»,  «Панҷшер»   бо «Кӯктош»,   КМВА «Помир» бо  «Истиқлол» ва  «Хуҷанд», бо «Истаравшан»  дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор мегарданд.

Октябрь 28, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд