ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 27-32 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 8, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, дар шаҳри Душанбе рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят ҳавои бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва   рӯзона    11+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи   бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 25+27  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 8, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад