Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба мушкилоти маъюбон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии эҳё ва офиятбахшии маъюбон баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ассотсиатсияҳои миллии маъюбон, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ ва дигар шарикони рушд доир мегардад.
Дар он масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, офиятбахшӣ, кумаки техникӣ ва фароҳам овардани муҳити мукаммали шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Тоҷикистон муҳокима мешаванд.
Форуми байналмилалии эҳё ва офиятбахшии маъюбон ба муҳокимаи татбиқи «Барномаи миллии офиятбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» мусоидат намуда, таъсири ин барномаро ба ҳаёти одамони маъюб ва оилаҳои онҳо арзёбӣ мекунад.
Форуми мазкур ба масъалаҳои маъюбӣ мусоидат намуда, барои муҳокимаи масъалаҳои марбут бо иштироки шахсони мансабдори воломақоми ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, агентиҳои махсуси СММ, созмонҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дигар шарикони рушд ва инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма заминаи мусоид фароҳам меорад.
Форум ба пешбурди татбиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон, ки соли 2018 ба имзо расидааст ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори маъюбон мутобиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нигаронида шудааст.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






