Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздид намуданд

Октябрь 17, 2019 10:51

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ, ки барои афсарони Кӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди қисми низомии мазкур бунёд гардидааст, шинос шуда, ба 23 оилаи муҳофизони марзу буми мамлакат калиди манзилҳои истиқоматӣ тақдим карданд.

Ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зист дар ҳудуди пойгоҳи низомии таъминотӣ барои оилаҳои афсароне, ки дар ҳимояи марзу буми мамлакат адои хизмат менамоянд, пешбинӣ гардидаанд.

Оилаҳои афсарон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи  фаъолият ва будубош изҳори сипос намуданд.

Дар Қисми ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ҳамчунин хонаҳои хизмати маишӣ, аз ҷумла, сартарошхона, хонаи фароғатӣ ва хонаи дарзмолкунии либос мавҷуд аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ сабзавоту мевагӣ, полезиҳо, чорво ва парандаҳои гуногун ба маъраз гузошта шуд, ки ҳамаи онҳо дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ парвариш карда мешаванд.

Барои беҳтар намудани таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасон соли 2019 дар масоҳати умумии 390 гектар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шуд.

Афсарону сарбозони Кӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари таъмини амнияти миллӣ, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ҳамзамон бо истифода аз хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стретегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим, Панҷакент, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд.

Дар ҳудуди шаҳраки ҳарбӣ ду бинои алоҳидаи анборҳои марказӣ бо сардхонаҳо ҷойгиранд, ки барои захираи маводи ғизоӣ пешбинӣ шудааст.

Сипас, Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардидаи бинои навбунёди Ситоди қисми ҳарбӣ, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст, шинос шуданд.

Бинои Ситоди ҳарбӣ аз 26 утоқи корӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, хобгоҳ барои 240 нафар, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сару либоси ҳарбӣ, хонаҳои фароғатӣ ва ҳуҷраҳои кории афсарон иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо шарту шароити бинои нави Ситоди қисми низомӣ Президенти мамлакат бо сарбозон суҳбати самимӣ карданд.

Тавре маълум гардид, бинои навбунёд барои омӯхтани нозукиҳои сарҳадбонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Чунин шароити зарурӣ имконият фароҳам меорад, ки минбаъд сарбозону афсарони қисми низомии мазкур бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳамчун мутахассиси баландихтисос омода гарданд ва марзу буми давлатро ҳифзу ҳимоят намоянд.

Ҳамчунин дар дохили Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои Коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, барои фаъолияти дурусту самараноки он ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Коргоҳи дӯзандагӣ 50 нафарро ба кори доимӣ ҷалб намуда, дар ин иншоот асосан занону духтарони афсарон ба кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар сехи истеҳсолӣ дӯхти сару либос, рахти хоб ва дигар муҳимоти зарурӣ барои сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сифати баланд омода мешавад.

Бо дарназардошти талабот дар коргоҳ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои хонандагону омӯзгорони мактабҳои миёна низ мавҷуд аст.

Дар дохили Қисми низомӣ ҳамзамон Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави «Кохи вафо» оғоз бахшиданд. Бино бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва санъати баланди меъмории миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ ба таври зебову назаррабо сохта шудааст.

Толори маҷлиси «Кохи вафо» дорои 360 ҷойи нишаст буда, дар он барои гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ шароити муосир фароҳам аст.

Ин иншоот ҳамзамон дорои китобхона бо адабиёти бою рангин барои сарбозон буда, дар дохили он осорхона оид ба фаъолияти созандаи Пешвои миллат ҳамчун намунаи дарси мардонагӣ таъсис дода шудааст.

Ғайр аз ин дар ҳудуди иншооти мазкур Осорхона бо дастгоҳу таҷҳизот барои тамошои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба истифода дода шуд.

Деворҳои иншооти мазкур бо мусаввараҳои таърихӣ, ки аз гузаштаву имрӯзи Тоҷикистон қисса мекунад, ба таври зебо оро ёфтааст.

Сарвари давлат зимни суҳбат аз кормандони ин ниҳод назорати ҳамаҷонибаи риояи меъёрҳои қонун ва дигар талаботи ҳарбиро тақозо намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар дохили Қисми низомӣ ҳамчунин Мактаби такмили ихтисос фаъолият мекунад. Он барои бозомӯзиву омода намудани мутахассисони бахшҳои гуногуни ҳарбӣ пешбинӣ гашта, баъд аз навсозӣ бо тамоми шароиту имконоти мусоид таъмин мебошад.

Дар ин муассисаи таълимӣ кормандони нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, алоқачиён, кинологҳо, муҳандисон ва дар маҷмӯъ аз рӯи 18 ихтисос мутахассис омода мегардад.

Барои гузаштан аз курсҳои бозомӯзӣ дар синфхонаҳои дарсӣ шароити муосир ва асбобу аёнияти таълимӣ фароҳам аст.

Дар дохили қисми ҳарбӣ нуқтаи тиббӣ бо утоқҳои доругузаронӣ, хурокхӯрӣ ва хоби сарбозон, инчунин мағозаи хӯроквориву сару либос мавҷуд мебошад.

Дар Пойгоҳи таъминотии сарҳадӣ ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ ва як нуқтаи назорати техникӣ бо ҳама шароити замони имрӯза бунёд ёфта, деворҳои муҳофизатии атрофи иншооти ҳарбӣ навсозӣ шудаанд.

Дар доираи навсозӣ масофаи зиёда аз 11 километр роҳҳои мошингарду пиёдароҳҳои ҳудуди отряд пурра мумфарш карда шудааст.

Дар ҳудуди Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Кӯшунҳои сарҳадӣ майдони васеи варзишӣ сохта шудааст, ки дар он сарбозону афсарон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол машғул мешаванд.

Ҳамзамон толори барҳавои варзишӣ дар ин пойгоҳи низомӣ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мувофиқ аст. Он аз майдончаи хурд, утоқҳои корӣ, анбор ва ҳаммом иборат мебошад. Дар толори мазкур таҷҳизоти гуногуни варзишӣ мавҷуд аст, ки барои тамрини ҳамаҷонибаи афсарону сарбозон ва ҷисман обутоб ёфтани онҳо мусоидат мекунад.

Барои фарзандони хизматчиёни ин ниҳодҳои низомӣ ҳамчунин дар Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ майдончаи бозии кӯдакон бо тамоми шароити замони муосир сохта шудааст.

Боғи фароғатӣ дар майдони 491 метри мураббаъ майдон густурда, дар он зиёда аз 110 ниҳоли сояафкан ва 2160 адад гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шудааст ва чароғакҳо барои равшании шабона муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ба хотири сарсабзу хуррамгардонии атрофи иншоот масоҳати 1519 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзазор шуда, зиёда аз 780 адад дарахтони мевадиҳандаву сояафкан шинонида шудаанд.

Ошхонаи сарбозони қисми ҳарбӣ барои 240 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

Боздид аз Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 17.10.2019

Октябрь 17, 2019 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд