Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон мулоқот намуд

Октябрь 8, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябр бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати парлумонии давлати мо, ки бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридинҷон Исмоилов дар Тошканд қарор доранд, мулоқот намуд.

Раиси Парлумони касбии Тоҷикистон қабл аз мулоқот барои пазироии самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, саломи самимона ва орзуҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

«Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ба вуҷуд омад»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Парлумони Тоҷикистон зикр намуд, ки: «Сафари мазкур таҷассуми робитаҳои барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду давлат арзёбӣ мекунем. Тақрибан 3 сол мешавад, ки Шумо сарварии Ҷумҳурии  Ӯзбекистонро бар уҳда доред. Ин давраро  метавон солҳои ислоҳоти муҳим ва тағйирот номид, зеро се сол пеш ин корҳо ғайриимкон менамуданд. Мо дар хотир дорем, ки фавран пас аз расидан ба қудрат, Шумо моҳи декабри соли 2016 афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ӯзбекистонро эълон кардед: самти наздикшавӣ бо ҳамсояҳо, барқарорсозии муносибатҳо бо кишварҳои дигари хориҷи дур, озодсозии иқтисодиёт дар ислоҳоти идоракунии давлатӣ».

Зимни мулоқот зикр гардид, ки бино ба гуфтаи коршиносон, дар миёни 10 тағйироти мусбати Ӯзбекистон, ки дар давраи раёсати Шавкат Мирзиёев ба вуҷуд омаданд, нуқтаи аввал — самти наздикшавӣ бо ҳамсоягон танҳо дар ҷои аввал қарор дорад. Воқеан, масъалаҳои баҳсноки дарозмуддат бо кишварҳои ҳамсоя хеле бомуваффақият ҳалли худро ёфта, сарҳадҳо кушода шуданд. Сиёсати хориҷӣ ва дохилии пешгирифтаи ин мамлакати дӯст пояҳои амнияти минтақаро мустаҳкам менамоянд, барои рушди муттасили на танҳо ҷомеаи Ӯзбекистон шароит фароҳам меоранд, балки ба рушди тамоми Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд.

Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон — мутаносибан моҳҳои март ва августи соли 2018 барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ заминаи муҳим гузоштанд.

Масъалаи таҳкими робитаҳо дар ин самт ҳангоми мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, инчунин дар доираи сафари ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ва дидору мулоқотҳояшон бо раисони Сенат ва Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот иброз намуд, ки ҷанбаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақрибан 170 созишнома ва шартномаҳои сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии имзошуда ташкил медиҳанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки байни давлатҳо қабул шудаанд, самтҳои асосии ҳамкориро фаро гирифта, заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсию тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва дигар саматҳо фароҳам меоранд.

«Мояи хушнудист, ки таҳти роҳбарии Шумо дар Ӯзбекистони бо мо дӯст барои васеъ ба роҳ мондани иқтидори иқтисоди миллӣ ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барномаҳои васеъмиқёси давлатӣ татбиқ шуда истодаанд. Имрӯз Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ давлати калидӣ ба шумор меравад, ки сиёсати нави он фазои тамоман дигарро ба вуҷуд овардааст: ба ҷои ҷудошавӣ — ҳамкории фаъол, ба ҷои муноқишаҳо — созиш, ба ҷои беэътиноӣ ба мушкилот — дарёфт ва ҳалли мутақобилан муфиди он», — баён дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Дар мавриди муносибатҳои байни ду давлат гуфта шуд, ки ин мамлакатҳо метавонанд бо қаноатмандӣ рушди муттасили мубодилаи тиҷорати тарафайн, татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои муштарак, густариши алоқаҳои нақлиётӣ, таҳкими робитаҳои зич дар сатҳи тиҷорат ва байни минтақаҳои ҳарду кишвар ва барномаи фарогири барномаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва тиҷоратиро таъкид намоянд.

Соли 2018 тақрибан 750 000 нафар сайёҳ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.

Агар се-чор сол пеш шумораи донишҷӯёни Ӯзбекистон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ангуштшумор бошанд, пас имсол беш аз 4000 довталаби ӯзбек ба муассисаҳои олии мо дохил шуданд. Ин аз динамикаи мусбати рушди муносибатҳои байни давлатҳои мо шаҳодат медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст, мо бояд ин муносибатҳоро тавассути равобити байнипарлумонӣ тақвият бахшем.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду давлати дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

«Муносибатҳои воқеан дӯстона ва неки ҳамсоягӣ миёни Тошканд ва Душанбе минбаъд низ бо дастгирии шахсии дӯсти ман, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар нафъи манофеи мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистон  таҳким хоҳанд ёфт. Тақдир ба халқи бародари тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон ходими барҷастаи давлатӣ ва шахсияти беназири таърихиро, ки дорои хирад, иродаи қавӣ ва истеъдоди муттаҳид намудани мардум мебошад, тақдим намудааст. Таҳти роҳбарии ғамхоронаи ин марди бузург ва бо шарофати сиёсати дурандешонаву меҳнати фидокоронааш Тоҷикистон имрӯз давлатест, ки дар он дар фазои сулҳу оромӣ рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардида, эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст», — иброз дошт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Дар мулоқот ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон –роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, вакилони Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода, Ориф Ҳакимов, Мавзуна Шамсиддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Эмомӣ иштирок намуданд.

Октябрь 8, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад