Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров: «Санъати бахшидану гузашт намудан аз беҳтарин воситаҳои тарбияи инсонӣ, омили муҳими фаҳм ва дарки мардуми раҳгумзада аст»
ДУШАНБЕ, 25.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ин ниҳод пешниҳод карда буданд, қабул намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки ин масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд, роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» сухан гуфт, ки онро манзури хонандагон мегардонем:
— Инак ҳар яки мо бо раъйи худ 16-умин Қонуни авфро нисбат ба шаҳрвандоне, ки таҳти омилҳои мухталифи ҳаётӣ даст ба ҷиноят задаанд, қабул намуда, саҳми худро ба рисолати бузургу таърихии давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштем.
Санъати бахшидану гузашт намудан аз беҳтарин воситаҳои тарбияи инсонӣ, омили муҳими фаҳм, дарки мардуми раҳгумзада ва воситаи муассири ворид намудани доираи васеи шаҳрвандон ба фаъолияти созандаи ҷомеа ва давлат аст.
Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Ҳарчанд гуноҳ бузург аст, фазилати авфкунанда зиёдтар аст».
Гузашт намудан, бахшиш кардан ва оғӯш кушодани Пешвои муҳтарами миллат ба рӯи мардуми раҳгумзадаи халқи мо буд, ки ватанро то ба ин рӯзҳои таърихӣ ва тақдирсоз расонда, халқро муттаҳид намуд.
Қонуни авфи ба тозагӣ қабулшуда санади воқеан таърихист, зеро тибқи ҳисоби пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.
Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз чор ҳазору панҷсад нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбат ба зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
Равшан аст, ки дар пасманзари рӯзгори ин теъдод шахсон фарзандон, падару модарон, хешу табор, наздикону дӯстон ва дар маҷмӯъ мардуми Тоҷикистон истодаанд.
Бовар дорам, онҳое, ки аз сабукии ин қонун бархӯрдор мегарданд, чӣ раҳгумзадагону хатокорони қонун, чӣ хешовандону наздикони онҳо ҳикмат ва рисолати ин санади тақдирсозро дуруст дарк намуда, ба қадри ин ғамхории Сарвари давлат расида, дар роҳи ислоҳи худ ва наздиконашон саъй намуда, дар ҳаёти созандаю осоиштаи мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.
Аз ин хотир, ҳамаи онҳоеро, ки чашми умед бар бахшиш доштанду нияти неки ислоҳро дар тафаккур мепарвариданд, ин лаҳза, бо хушхабари қабули Қонуни авф муборак гуфта, ба якояки шумо барои дастгириатон аз ин иқдоми накӯ арзи сипос мекунам, аз номи шумо, аз номи кулли интихобкунандагони ҷумҳурӣ ва шахсан худам ба Пешвои муаззам ва муҳтарами миллат барои ин иқдоми навбатии созанда ва инсондӯстонаашон, ки ба муттаҳидию ваҳдати миллат, ба оромию ободии мамлакат нигаронида шудааст, миннатдории бепоён баён менамоям.
Дар охир ба як масъалаи муҳим диққати шуморо ҷалб кардан меҳоҳам.
Тибқи моддаи 21-и қонун як қатор мақомоти дахлдори давлатӣ муқаррароти қонунро бояд амалӣ намоянд. Дар ин раванд риояи дақиқи қоидаҳои муқарраргардидаи қонун яке аз шартҳои муҳими баланд бардоштани муассирият ва эътибори он ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон аз нигоҳи мо ба раванди мазкур, бинобар аҳамияти иҷтимоӣ доштани масъала, мақомоти ваколатдори соҳавӣ, аз қабили меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва соҳаи маориф низ бояд ҷалб карда шаванд.
Зеро барқарор намудани саломатии баъзе аз авфшавандаҳо, ба омӯзишу таълим ва ба ҷойи кор ҷалб шудани онҳо аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.
Боварӣ дорам, ки вазорату кумитаҳои масъул ва идораҳои дахлдор, алалхусус мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи волову шоиста татбиқ намудани муқаррароти Қонуни мазкур тамоми зеҳнияту имконияти худро равона месозанд ва барои пайвастан ба зиндагии комил тадбирҳои дахлдору саривақтӣ меандешанд, то реинтегратсияи авфшудагон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо муваффақият амалӣ гардад.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






