Роҳбарони корхонаву муассисаҳо ба он ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудаанд, эътимоди бештар доранд
ХОРУҒ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Се ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъракаи даъвати тирамоҳиро ба анҷом расониданд.
Сардори шуъбаи сафарбаркунии комиссариати ҳарбии вилоят Орифхон Раҳмондодов гуфт, ки ду соли охир ҷавонони баору номуси вилоят сари вақт ва довталабона дар назди комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, баъди ташхиси тиббӣ ба хизмати Модар-Ватан раҳсипор мегарданд. Дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ 100 фоизи даъватшавандагон аз ноҳияҳои Шуғнон, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб ҳамроҳ бо наздикону дӯстон дар назди комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъ шуданд. Ташхиси ҳаматарафаи тиббӣ нишон дод, ки ин наваскарон барои хизмати аскарӣ омода мебошанд.
«Солҳои охир дар байни даъватшавандагон хатмкунандагони муассисаҳои олии мамлакат низ зиёд ба назар мерасанд. Ба гуфтаи ин ҷавонписарон, аввал ин ки хизмати ҳарбӣ қарзии фарзандии ҳар як соҳибватан аст, дуюм, он мактаби далерию мардонагӣ ба шумор меравад ва саввум, баъди хизмати аскарӣ метавонӣ дар дилхоҳ идораву муассисаи давлатӣ фаъолият намоӣ. Зеро роҳбарони корхонаву муассисаҳо ба он ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудаанд, боварию эътимоди бештар доранд. Танҳо аз ноҳияи Дарвоз 11 нафар даъватшавандагон хатмкунандагони муассисаҳои олии мамлакат мебошанд», илова намуд О. Раҳмондодов.
Як нафар даъватшаванда аз ноҳияи Дарвоз Идибек Неъматов гуфт, ки “ҳифзи марзу буми Ватан барои мо, ҷавонон мояи ифтихор аст. Маҳз ҳангоми хизмати ҳарбӣ ба умқи калимаҳое, мисли дӯстию бародарӣ, ҷасурию мардонагӣ, кумаку ёрии воқеӣ сарфаҳм меравӣ”.
Маросими гусели даъватшавандагон дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо ширкати масъулини мақомоти давлатӣ, волидон, сокинони шаҳр ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги вилоят баргузор гардид.









ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






