Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ дар Боку иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Боку ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо иштирок менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.
Ба иттилои номбурда, интизор меравад, ки дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок намояд.
Аъзои Шӯро лоиҳаи Консепсияи ҳамкории ҳарбии кишварҳои аъзои ИДМ то соли 2025 ва самтҳои асосии рушди низоми Муттаҳидаи назорат ва арзёбии ҳолати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ то соли 2025-ро баррасӣ менамоянд.
Инчунин таҷрибаи зада гардонидани ҳамлаи оммавии дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин ҳангоми амалиёти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ва иҷрои вазифаҳои инсондӯстона оид ба безарар гардонидани мина дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос матраҳ мешавад.
Дар ҷаласа натиҷаҳои Бозиҳои байналмилалии артишӣ -2019 натиҷагирӣ, инчунин масъалаҳои омода намудани кадрҳои афсарӣ барои қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ, гузаронидани Фестивали байналмилалии ғояҳои «Навгонии илмӣ» ва омодагӣ ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ мешаванд.
Ғайр аз ин баргузории чорабиниҳои муштараки низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шуда, инчунин фаъолияти ташкилоти асосии кишварҳои аъзои ИДМ (Донишгоҳи миллии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия) оид ба омода намудани мутахассисони самти ҳарбӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои ташкили роҳбаладии иттилоотии чорабиниҳои муштараки ҳамкории ҳарбии бисёрҷониба баррасӣ мегарданд.
Инчунин рушди ҳамкории ҳарбии кишварҳои ИДМ дар соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, нақшаи кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ барои соли 2020 таҳия мегардад. Вазирони мудофиа масъалаҳои баҳисобгирии заминаи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкории низомӣ ва такмили танзими ҳуқуқиро дар соҳаи дастгирии метрологии қувваҳои мусаллаҳи ИДМ муҳокима хоҳанд кард.
Дар ҷаласа инчунин як зумра масъалаҳои молиявӣ, кадрӣ ва ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






