СУБОТУ ОРОМӢ – ГАРАВИ РУШДИ БЕМАЙЛОН. Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти Раиси КДАМ Саймумин Ятимов бо фаъолони вилоят баргузор гардид

Октябрь 29, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ  мулоқоти  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов, ки бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад, бо фаъолон, ҷавонон, халифаҳо, собиқадорони меҳнати шаҳри Хоруғ, намояндагони мардум аз ноҳияҳои Роштқалъаю Шуғнон сурат гирифт. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.  

Дар мулоқот муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои қудратию интизомӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ҳузур доштанд.

Мулоқотро Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оғоз бахшид ва зикр намуд, ки имрӯз дар вилоят суботу оромӣ таъмин буда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнати суботкорона баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Ба қавли Раиси вилоят, дар мустақар намудани оромию осоиш ва шароити муносиб барои рушди вилоят саҳми мақомоти қудратии мамлакат, ҷавонон, халифаҳо, раисони маҳаллаҳо ва собиқадорон хеле калон аст.

Раиси КДАМ С. Ятимов зимни суханронии худ изҳори хушнудӣ намуд, ки авзои вилоят дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта хеле мӯътадил гаштааст. Дар робита бо қабл аз мӯҳлат – дар давоми се рўз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Саймумин Ятимов арзи сипоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ва дар шахси онҳо ба тамоми мардуми ВМКБ расонид.

Дар идома Саймумин Ятимов тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мамлакатро  ҷиҳати ободонӣ ва рушди  вилоят зикр намуда, ҳамзамон  дар иртибот ба чорабиниҳои амниятӣ ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар кишвар, аз ҷумла, ВМКБ  сухан гуфт. Мавсуф аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид ба амал овард, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натиҷаи бисёр хуб ба бор меорад. Ӯ ба мардуми Бадахшон барои саҳми арзандаашон дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кард.

Дар мулоқот намояндагони ҷавонон, собиқадорон, чомеаи шаҳрванди пуштибонии худро аз сиёсати созандаи Сарвари муаззами давлат баён карда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои пайваста ташаккури самимӣ баён доштанд.

Дар фарҷом Раиси вилоят мулоқотро ҷамъбаст ва барои ширкати фаъолона ба иштирокдорони он  изҳори сипос намуд.

 

Октябрь 29, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид