Варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов чемпиони Осиё оид ба бокс гардид

Октябрь 17, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 10 то 17 октябр  дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс  дар сатҳи баланд  баргузор гардид, ки дар он  варзишгарони навраси тоҷик   иштирок  намуда,  сазовори ду медал гардиданд. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 239 нафар варзишгарон аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар ба АМА сафарбар гардида, дар 11 вазн муҳориба карда, соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд.
Медали тиллоро Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54 кг ба даст овард. Абдураҳим дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, унвони чемпиони Осиё миёни наврасонро соҳиб гардид.

Хотиррасон менамоем, ки медали нуқраро дар ин мусобиқот Абубакр Муродов дар вазни 52кг сазовор гардид. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо гардид, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб шуд.

Октябрь 17, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд