25 сол таҳти ҳимояти ҳуҷҷати асосӣ ва тақдирсози миллат

Ноябрь 5, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳар давру замон барои ба низом даровардани сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин ё он давлат қонунҳое амал менамоянд, ки дар низоми давлатдорӣ саҳми калидӣ доранд. Аз ҷумла, дар олами мутамаддин Конститутсия ҳуҷҷати асосӣ ва тақдирсози давлатҳо ва миллатҳо ба шумор рафта, он ҳуқуқу ормонҳои сокинони ҳар кишварро дар ҳама ҳолатҳо ҳимоя менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таърихи тӯлонӣ надошта, акнун 25-сола мешавад. Ҳарчанд ин рақам санаи бузурги таърихро нишон надиҳад ҳам, вале  мардуми шарифи Тоҷикистон тайи ин муддат тавонист чанд марҳилаи муҳими таърихиро аз сар гузаронад. Дар робита ба 25-солагии таҷлили Рӯзи қабули Конститутсия муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар ДАВЛАТЗОДА зимни як нигориш андешаҳояшро чунин баён доштааст:

-Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Маҳз бисту панҷ сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли тоҷикистониён қабул гардида, дар ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши назаррас  бозид.

Бо ташаббуси сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми мамлакат ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ роҳандозӣ намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки инфрасохтори давлати навини тоҷиконро бунёд созад. Пеш аз ҳама, он пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам намуд. Албатта, дар навбати худ Конститутсия ва истиқлолият ба ҳар шаҳрванд имконияти мусоид ва воқеӣ фароҳам оварданд, ки озодии инсон,  виҷдон, фаъолияти самарабахши меҳнатӣ, зиндагии хубу гуворо, арҷ гузоштан ба тамаддун ва арзишҳои миллӣ таъмин гардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комил як санаи тақдирсоз ва таърихие мебошад, ки бо шарофати амалӣ гардидани он сарнавишти Ватану миллат, давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои мамлакат дар як давраи муайян равшан гардид. Тоҷикистон ҳамчун як давлати дорои тамаддуни куҳан дар харитаи ҷаҳон эҳё шуд. Истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ормонҳое ба шумор мераванд, ки қаблан мардуми тоҷик онҳоро чанд садсола орзу мекард.

Табиист, ки барои ба даст овардани истиқлолият ва қабули Конститутсияи миллии хеш қисмати зиёди мардуми сайёра ҷонбозиҳо карданд ва имрӯз ҳам барои мушарраф гардидан ба онҳо ҷони садҳо ҳазор нафар нисор мегардад. Агар ба саҳфаи таърих назар афканем, мебинем, ки миллати тоҷик низ тӯли ин солҳо борҳо истиқлолияти комилро соҳиб гардида, боз онро дар натиҷаи нофаҳмиҳо ва задухӯрдҳои қабилавӣ, нажодӣ ва гурӯҳӣ аз даст додааст.

Ин ганҷи бебаҳоро бори дигар миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо ба даст овард. Хулоса, аз 9 сентябри соли 1991 эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ақсои олам зиёда аз 200 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол, баробарҳуқуқ, дунявӣ ва ягона эътироф карда, ба расмият мешиносанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ, СҲШ ва даҳҳо созмону ташкилот ва шӯроҳои байнидавлатӣ мебошад, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон дар онҳо мавқеи бонуфузи хешро пайдо намудааст.

Дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби иззату эҳтиром шуда метавонад, ки истиқлолияти воқеӣ ва давлати миллии озоду мустақили хешро дошта бошад. Соли 2021 барои мардуми тоҷик соле мебошад, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамояд. Албатта, дар ин муддат чӣ қадар тағйирот, бунёдкорию  созандагӣ ба анҷом расидаанд. Ҳамаи ин амалҳои наҷиби бунёдкорию созандагӣ бо шарофати дастуру ҳидоятҳо, пешниҳодҳои судманд ва таъсирбахши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат чанд сол аст, ки барои тарғибу ташвиқи ҷиддӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, маърифатнокӣ, худшиносию худогоҳӣ, дӯстдории ин марзу бум ва баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ идома доранд. Аз ҳамин рӯ барои татбиқ намудани ин амалҳои созанда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва берун аз он озмунҳо ва дигар барномаҳои фарҳангӣ бо муваффақият гузаронида мешаванд.

«Фарҳанг ҳастии миллат аст»- таъкид  менамоянд Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронию маърӯзаҳояшон. Мисоли равшани инро мо дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебинем. Фестивал-озмунҳое, ки бо дастур ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, таконбахш ва тақвиятдиҳандаи ҳувияти  миллии мо буда, Тоҷикистонро пайваста ҳамчун давлати воҳид ва арҷгузоранда ба ҳунару расму оини аҷдодӣ муаррифӣ менамоянд. Чунончӣ, ҷашнвораи «Меҳргон», фестивал-озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», чорабиниҳо оид ба фарҳангҳои миллӣ: рӯзҳои «Фалак», «Шашмақом» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тайи ду-се моҳи охир баргузор гардиданд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир Тоҷикистонро тавассути  сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва қадрдонӣ менамоянд.

Дар ин радиф сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «дарҳои кушод», ки муносибатҳои моро ба ҷаҳониён воқеӣ, шаффоф, ҳаматарафа  судовару воқеӣ баён менамояд, исботи асосӣ ба шумор меравад. Бо шарофати ин сиёсати инсондӯстона дар ақсои олам шумораи шарикони ҳамкори судманд барои Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар ҷумҳуриамон баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ва ё ширкат варзидани Тоҷикистон дар фестивал-озмунҳои сатҳи байналхалқӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Мо хушбахт аз онем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва давлати навини худро бо тарбияву баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, ки заминаи асосии  ҳар давлату миллат мебошанд, бунёд мекунем. Ба ин васила имконияти воқеӣ муҳайё мешавад, ки дар оянда ҳар яки онҳо муаррифи ин миллат, давлат ва Ватани азизамон бошанд.

Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷумлаи он муқаддасотест, ки мояи ифтихору сарбаландии ҳар кадоми мост.

Ноябрь 5, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ