Ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар шаҳри Тошканд
ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Даврон Ҷураев иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла мувофиқаи шакл, ҳаҷм ва вақти мубодилаи иттилоот ҷиҳати татбиқи моддаи 3-и «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳо ба обеъктҳои моликияти зеҳнӣ», мувофиқаи лоиҳаҳои «Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ» ва “Созишнома оид ба тартиби гузоштани мӯҳр ва топпаҳои гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ” баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон интихоби роҳбар ва котиби Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, тасдиқи лоиҳаи Нақшаҳои кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки 23 декабри соли 1993 барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасъсис дода шуд.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






