Безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивии вилояти Суғд дар ҷаласаи Комиссияи кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардид

Ноябрь 21, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 20 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 20-уми Комиссияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) доир ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта доир гардид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ намояндагӣ намуд.  

Тибқи рӯзнома дар доираи ҷаласа 12 масъала, аз ҷумла, масъалаҳои фаъолияти Гурӯҳи экспертӣ доир ба ҳамоҳангсозии Барномаи кории ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ доир ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта «Ҳамкорӣ- атом-ИДМ» дар давраи то соли 2020, лоиҳаи Барномаи кории кишварҳои аъзои ИДМ доир ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта дар давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои иҷрои давраи аввали ин барнома дар солҳои 2021- 2025, ҷараёни иҷрои барномаи мақсадноки «Безараргардонии ҳудуди кишварҳои аз саноати коркарди уран зарарида», ҷараёни иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар солҳои 2018-2020, доир ба имплементатсияи Созишнома доир ба ҳамкории кишварҳои мавриди рӯй задани садамаи ядроӣ ё садамаи радиатсионӣ ва ёрии байниякдигарӣ ҷиҳати барқарорсозии оқибатҳои чунин садамаҳо, фаъолияти гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварҳои ИДМ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, фаъолияти гурӯҳи кории «Ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи истеҳсол,  истифода ва ҳаракати маҳсулоти изотопӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивии вилояти Суғд ва омода намудани кадрҳои соҳаи физикаи ядро ва истифодаи энергияи атом ибрози андеша намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки безараргардонии мавзеъҳои аз саноати урани замони Шӯравӣ заҳролудагардидаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд мавҷуданд, дар доираи «Барномаи байнидавлатии безараргардонии мавзеъҳои аз саноати уранӣ зарардида» дар шакли рӯйпӯш намудани онҳо бо маводи махсус дар мавзеи Табошар соли 2020 шурӯъ мегардад ва баъдан дар дигар мавзеъҳо идома дода шавад.

Номбурда доир ба омода намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисону муҳаққиқон бо мақсади дар мамлакат ба роҳ мондани саноати коркарди уран, энергияи атомӣ ва дигар маводи радиоактивӣ ва истифодаи онҳо бо мақсадҳои осоишта ва бо ин роҳ таъмин намудани рушди иқтисодии ҷумҳурӣ низ фикру андешаҳояшро баён намуд. Дар ин самтҳо баъзе мувофиқаҳо низ ҳосил шуданд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилоти базавии Комиссияи «СНГ-АТОМ»-Донишгоҳи миллии таҳқиқоти ядроии «МИФИ», айни замон дар донишгоҳи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафар донишҷӯ дар ихтисосҳои гуногуни истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта таҳсил менамоянд.

Ба иттилои академик Фарҳод Раҳимӣ, дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, роҳбарони ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ, ба монанди Ширкати миллии атомии «Казатомпром», Корпоратсияи давлатии «Росатом», Маркази техникию садамавии МИНАТОМ-и Федератсияи Россия, Ҳадамоти федералии назорати экологӣ, технологӣ, ва атомии Федератсияи Россия, Академияи илмҳои Беларус, Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаи Комиссия доир ба тамоми масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Имрӯз иштирокорони ҷаласаи 20-уми Комиссияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) доир ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта аз Стансияи барқи атомии навбунёди Ҷумҳурии  Беларус дидан менамоянд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд