Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 ноябри соли равон то 4 июни соли 2020 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, бо иштироки олимону коршиносон ва равоншиносону мутахассисон дар муассисаиҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат, ки дар пойтахт фаъолият менамоянд, ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ имрӯз — 8 ноябр бо ташаббуси мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондўстӣ, ҳифзи солимии маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки икдоми мазкур бо мақсади иҷрои бандҳои марбутаи нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 роҳандозӣ мегардад.










Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






