Дар Душанбе Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони мамлакат Бахтовар Сафарзода, вакилион аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, конференсия тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хондани суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорони он оғоз гардид.
Дар конференсия асосан масъалаҳои фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, аз нав интихоб намудани аъзои Кумитаи иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби сармуҳаррирони нашрияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати дувуним сол конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо гузаронида мешаванд.
Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 ва корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизбии пойтахт аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе “Мароми пойтахт” ва интихоби вакилон ба Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ҳисобот дод. Номбурда зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 146 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, 7506 нафар дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафи ҳизб қабул гардидаанд. Айни ҳол шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 873 адад расида, 68384 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид сохтааст. Аз ин шумора 32282 нафарро занон ва 28829 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар конференсия ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 1674 нафар шаҳрвандон ба кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.
Дар ҷамъбасти конференсия бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.












Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






