Дар Душанбе Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

Ноябрь 12, 2019 18:41

ДУШАНБЕ, 12.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи XVIII  ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода,  роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, Раиси Фраксияи  ҲХДТ  дар Парлумони мамлакат Бахтовар Сафарзода, вакилион аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  намояндагони воситаҳои ахбори омма   ширкат намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, конференсия тибқи  дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо хондани суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорони он оғоз гардид.

Дар конференсия асосан масъалаҳои фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, аз нав интихоб намудани аъзои Кумитаи иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби сармуҳаррирони нашрияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати дувуним сол конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо гузаронида  мешаванд.

Дар Конференсия  ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти   натиҷаҳои  фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб  аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019  ва корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ  дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизбии пойтахт аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе “Мароми пойтахт” ва интихоби вакилон ба Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мавриди баррасии вакилон  қарор гирифтанд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода   ҳисобот дод. Номбурда зикр  кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 146 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, 7506 нафар дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафи ҳизб қабул гардидаанд. Айни ҳол шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 873 адад расида, 68384 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид сохтааст. Аз ин шумора  32282 нафарро занон ва 28829 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар конференсия ҳамчунин зикр гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ 1674 нафар шаҳрвандон ба кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулин  тадбирҳои  зарурӣ андешида шуд.

Дар  ҷамъбасти конференсия  бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

 

Ноябрь 12, 2019 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир ҷалб менамояд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид