Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» форум доир гардид

Ноябрь 16, 2019 12:40

ДУШАНБЕ, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр  дар толори “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Форуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» бахшида ба рӯзҳои таърихӣ -Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории Форуми ҳизбӣ тарғиби муқаддастарин рӯзҳои таърихӣ: гиромидошти заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои мардумӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, неъмати тақдирсози миллат — Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сулҳофаринию нақшҳои сиёсии ҳизби ормонҳои миллӣ дар мамлакат-25 солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар кори Форум филм таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон” намоиш дода шуд.

Ҳамзамон ҳунармандону бастакорони мардумии Тоҷикистон бо сурудҳои ватандӯстонаю ватанпарастона ба хотири гиромидошти рӯзҳои таърихӣ ва болидахотирии иштирокчиён ҳунарнамоӣ намуданд.

Ноябрь 16, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад