Дар ноҳияи Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин ҳафтаи гузашта ҳамин гуна нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба фаъолият шурӯъ намудани чунин нуқтаҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардида, натиҷаи ҳамкории шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ва ширкати алоқаи мобилии Tcell мебошад.
Дар маросими ба истифодадиҳии нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ кормандони масъули милитсияи сайёҳӣ ва роҳбарияти ширкати Tcell иштирок доштанд.
Нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чорумин нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Суғд аст, ки дари худро барои хизмат расонидан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ боз намудааст. Дар ин нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намояд. Дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани муҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад.
Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба сайёҳ хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






