Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин луғати тоҷикӣ-чинӣ барои телефони мобилӣ таҳия намуд

Ноябрь 19, 2019 15:55

ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ся Жан аввалин луғати тоҷикӣ-чинӣ барои телефони мобилиро таҳия намуд. Дар ин бора Ся Жан ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон луғат дорои ҳазор калима аз забони тоҷикӣ ба чинӣ ва зиёда аз 5 ҳазор калима аз забони чинӣ ба тоҷикӣ буда, дар оянда ин шумора мутаносибан ба 10-ҳазорӣ расонида мешавад.

Ся Жан, ки худро Бобоҷон муаррифӣ мекунад, гуфт, ки ин корро ба хотири беҳтар намудани ҳолати мавҷудаи омӯзиши забонҳои тоҷикиву чинӣ барои дӯстдорони забон, таърих ва фарҳанги Тоҷикистону Чин анҷом додааст.

«Ман ҳангоми омӯхтани таърихи Тоҷикистон ба ҷамъоварии калимаҳои таърихӣ машғул шудам. Айни замон калимаҳои тоҷикиеро, ки ҳар рӯз истифода мешаванд, ҷамъоварӣ намуда, ба забони чинӣ тарҷума карда истодаам. Албатта, калимаҳои зиёде мавҷуданд, ки то ҳол ба барнома ворид нагардидаанд, вале марҳила ба марҳила кӯшиш менамоям онро пурратар намоям», — афзуд мавсуф.

Ин донишҷӯ чинӣ ба мо хабар дод, ки ҳоло ба коркарди луғати чинӣ-суғдӣ ва чинӣ-яғнобӣ машғул аст.

«Ба омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар таҳияи луғат ба ман кумак карданд, миннатдорӣ баён  мекунам», — гуфт  Ся Жан.

Ноябрь 19, 2019 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад