Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин луғати тоҷикӣ-чинӣ барои телефони мобилӣ таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ся Жан аввалин луғати тоҷикӣ-чинӣ барои телефони мобилиро таҳия намуд. Дар ин бора Ся Жан ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон луғат дорои ҳазор калима аз забони тоҷикӣ ба чинӣ ва зиёда аз 5 ҳазор калима аз забони чинӣ ба тоҷикӣ буда, дар оянда ин шумора мутаносибан ба 10-ҳазорӣ расонида мешавад.
Ся Жан, ки худро Бобоҷон муаррифӣ мекунад, гуфт, ки ин корро ба хотири беҳтар намудани ҳолати мавҷудаи омӯзиши забонҳои тоҷикиву чинӣ барои дӯстдорони забон, таърих ва фарҳанги Тоҷикистону Чин анҷом додааст.
«Ман ҳангоми омӯхтани таърихи Тоҷикистон ба ҷамъоварии калимаҳои таърихӣ машғул шудам. Айни замон калимаҳои тоҷикиеро, ки ҳар рӯз истифода мешаванд, ҷамъоварӣ намуда, ба забони чинӣ тарҷума карда истодаам. Албатта, калимаҳои зиёде мавҷуданд, ки то ҳол ба барнома ворид нагардидаанд, вале марҳила ба марҳила кӯшиш менамоям онро пурратар намоям», — афзуд мавсуф.
Ин донишҷӯ чинӣ ба мо хабар дод, ки ҳоло ба коркарди луғати чинӣ-суғдӣ ва чинӣ-яғнобӣ машғул аст.
«Ба омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар таҳияи луғат ба ман кумак карданд, миннатдорӣ баён мекунам», — гуфт Ся Жан.










1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафуров доир мегардад
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ дар Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё иштирок намуд
Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид






