Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон тасмим дорад ба фаъолияташ дар ҷумҳурӣ тавсеа бахшад
ДУШАНБЕ, 15.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мулоқот бо намояндагони Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби Президент оид ба Барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ Бернт Хагенлочер аз сатҳи ҳамкории Фонди мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф барои тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати вусъати дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ, хусусан пешниҳоди қарзҳои арзону дастрас ба аҳолӣ ибрози ҳавасмандӣ кард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон меҳмононро бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини бомароми рушди иқтисодиёти мамлакат, дар амал татбиқ намудани чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, инчунин вазъи низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ шинос намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба корҳои ба анҷом расонидашуда дар низоми бонкӣ, аз ҷумла татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар низом, афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт ва таъмини пардохти онҳо, такмил додани сатҳи тахассусии кормандон, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ҷиҳати дуруст истифода бурдани қарз ва сари вақт пардохт намудани он матраҳ гардид.
Намояндаи минтақавии Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон шарики иҷроияи CGFT Бернд Лайдер аз ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои васеъ кардани доираи фаъолият ва имконот омодагии худро иброз дошт.
Гуфта шуд, ки айни замон ҳиссаи Фонди мазкур дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад, ки имрӯз бо ҶСК Бонки «Эсхата», ҶСП Бонки «Арванд», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» ва ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Минбаъд нақша дорем, доманаи фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ намуда, соли 2020 бо чор ташкилоти қарзии дигар дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти шарикӣ ба роҳ монем, -изҳор намуд Бернд Лайдер.
Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамкорӣ Стратегияи ҳамкории Фондро бо Бонки миллии Тоҷикистон омода кардааст ва дар доираи он механизми ҳавасмандкунии қарздиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки рушди Германия, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиёро таҳия ва пешниҳод карданист. Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон метавонад ҳамаи сохторҳои тиҷоратии хурду миёнаи Тоҷикистонро фаро гирифта, ба рушди иқтисодии тамоми манотиқи мамлакат саҳм гузорад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи намояндагони Фондро ба зиёд кардани ҳиссаи фаъолият дар низоми бонкии Тоҷикистон, мусоидат ба дастрасии қарзҳои хурд дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, тақвият бахшидани мавқеи ҷуғрофии он дар мамлакат ҷалб намуд. Дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки айни замон дар ҳолати таҳия қарор дорад, имкон аст доир ба боло бурдани масъулияти қарзгирандагон ҷиҳати пардохти саривақтии қарз, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, кушодани суратҳисобҳо, ҷалби пасандозҳо, табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон ҳамкории самарабахши худро дар фазои якдигарфаҳмӣ тақвият бахшем, — изҳор дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Мусоҳибон зикр карданд, ки бо беҳтар кардани сифати дастрасии молиявии тиҷорати хурду миёна, имкониятҳои васеъ намудани тиҷорат ва барасмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ муҳайё намудани ҷойҳои нави кории иловагӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар механизми бозори давлатӣ барои дастгирии бахши молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз минтақа васеъ истифода бурда мешавад.








Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқррар шудааст
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2520 сомонӣ муқррар шудааст
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






